«НОН ШУДАМ, ШОИСТАИ ҲАР ХОН ШУДАМ». Дар Душанбе таҳти ин унвон озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ баргузор мегардад

Июль 2, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 02.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам»   баргузор мегардад. Дар ин робита, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории озмуни мазкур тасдиқ гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади иҷрои банди 27 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, даврҳои якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, ки бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2019  тасдиқ шудааст, баргузор карда мешавад.

Июль 2, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд