Раиси шаҳри Душанбе масъулинро барои омодагӣ ба даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992-2001 муваззаф намуд
ДУШАНБЕ, 04.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2019 тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори дахлдор, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳр муваззаф гардидаанд, ки омӯзиши шаҳрвандони синни даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд.
Ҳамчунин масъулин вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то 25 сентябри соли 2019 барои гузаронидани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, нисбат ба даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ин робита Раиси шаҳр ба роҳбарони сохторҳои марбута супориш додааст, ки тибқи тартиби муқарраргардида, баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ маблағҳои заруриро барои харидорӣ намудани маводи зарурӣ (либос, маводи гигиенӣ, дафтардорӣ) ҷудо намоянд.
Дар қарори мазкур омадааст, ки барои сари вақт ва босифат таъмин намудани маъракаи муҳими сиёсии давлатӣ оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то 30% нақшаи даъватро аз ҳисоби курсантҳо таъмин намоянд.
Дар асоси қарори марбута раисони маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдову хизматрасонӣ новобаста аз шакли тобеият вазифадоранд, ки бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе рӯйхати пурраи ҷавонписарони синни даъватиро дар муҳлати кӯтоҳ барои омӯзиш ва омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ пешниҳод намоянд.








Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт






