«Раванди муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. 19 июли соли равон бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Раванди муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии илм ва таҷриба» конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори конфронс роҳбарон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, инчунин олимон, коршиносон, аспирантҳо ва магистрантҳо иштирок менамоянд.
Дар конфронс масъулини соҳа ва коршиносон дар мавзӯи мавриди назар маърӯза мекунанд.
Хотиррасон менамоем, ки дар натиҷаи таҳлилу омӯзиш ва мониторингҳое, ки аз ҷониби мутахассисону коршиносони соҳа гузаронида шуд, маълум гардид, ки дар ҷумҳурӣ тайи панҷ соли охир раванди муҳоҷирати меҳнатӣ тадриҷан коҳиш меёбад. Ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ соли 2018 дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 3 ҳазору 581 нафар (ё 1%) ва нисбат ба соли 2013 315 ҳазору 522 нафар (ё 39,5%) камтар шудааст. Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан соли 2018 424 ҳазору 490 нафарро ташкил дод, ки аз хусусияти мавсимӣ доштани муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад.
Аз натиҷаи татқиқоти сотсиологие, ки байни муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, маълум мегардад, ки вазъи будубош ва фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Россия, ки кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон маҳсуб мешавад, дар муқоиса ба солҳои пешин беҳтар мегардад.
Тавре масъулин иброз доштанд, яке аз сабабҳои коҳиши раванди муҳоҷирати меҳнатӣ –ин дар мамлакат таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолист, ки яке аз самтҳои афзалиятнок дар ин самт маҳсуб мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамкорӣ бо давлатҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла бо Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон тақвият ёфта, соли 2018 масъалаҳои марбут ба ҷанбаҳои мухталифи муҳоҷирати меҳнатӣ бо ин кишварҳо дар 7 ҷаласаву вохўриҳо, нишастҳои сатҳи баланд ва гурўҳҳои кориву коршиносон баррасӣ гардиданд.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






