САЙЁҲӢ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ. Таблиғи шоистаи дастовардҳои мамлакат механизми муассири мубориза бо терроризм мебошад

Июль 31, 2019 17:18

ДУШАНБЕ, 31.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. 27 июл дар ноҳияи Данғара бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар мавзӯи «Сайёҳӣ терроризмро маҳкум менамояд» конфронси минтақавӣ  баргузор гардид. Корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Ализода, ки иштирокчии бевоситаи ин конфронс буд, андешаҳои худро дар робита ба он ба АМИТ «Ховар» чунин иброз намуд.

-Дар шароити муосири рушди иқтисоди бозорӣ, ҷаҳонишавӣ ва дигар тағйироти ҷаҳонӣ соҳаи сайёҳӣ ба сифати «доруи рафъи маризиҳои ҷамъиятӣ», аз ҷумла ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ баромад мекунад. Бидуни рушди соҳа, пайдо намудани мақоми арзанда дар миқёси байналмилалӣ муаррифии шоистаи дастовардҳои моддию маънавӣ аз имкон берун мебошад. Дастгирии миллӣ пайдо намудани соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо дарки моҳияти ин омилҳо пайвастагии зич дорад, зеро бо тамоми шакли зоҳиршавии худ сайёҳӣ ба баланд бардоштани имиҷи мусбати давлат мусоидат мекунад.

Бо вуҷуди ин, бидуни фароҳам овардани фазои мусоиди рушди сайёҳӣ, пеш аз ҳама, тартиботи ҷамъиятӣ, фазои орому осоишта ва низоми устувори таъмини амният тавсеа бахшидани соҳаи туризм аз эҳтимол берун мебошад. Дар асри 21 муваффақияти соҳаи туризмро ду чиз таъмин мекунад: амният ва хизматрасонии хуб.

Дар таҷрибаи байналмилалӣ набудани таҳдиду хатар ба ҷони сайёҳ меъёри асосӣ маҳсуб мешавад. Агар кафолати таъмини амният ҷой дошта бошад, сайёҳон бо вуҷуди иқтисоди заифу инфрасохтори нокифоя ба он давлат сафар мекунанд, вале агар амният кафолат дода нашавад, сайёҳон аз сафар ба пешрафтатарин давлатҳо ва ҷолибтарин мавзеъҳои ҷаҳон худдорӣ мекунанд.

Хусусан мубориза бо терроризм дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳое мебошад, ки дар меҳвари рушди соҳаи сайёҳии давлатҳо, аз  ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, ки фазои амнияти миллӣ аз майлонҳои тундгаро эмин нигоҳ дошта шавад, зеро як ҳодисаи террористӣ эҳтимолияти барбод додани тамоми талошҳои давлатро дар роҳи рушду шукуфоӣ ба вуҷуд меорад.

Дар бисёр давлатҳои дунё туризм асоси иқтисодии кишвар ва сарчашмаи ғанӣ гардонидани буҷет мебошад. Ин давлатҳо дар баробари имкониятҳои иқтисодӣ ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки амниятро низ дар сатҳи шоиста таъмин намоянд. Террористон ҳамла ба сайёҳон ва объектҳои туризмро воситаи муҳим, зуд ва ба доираи васеи ҷомеа расонидани «пайғом»-и шуми худ меҳисобанд. Яъне ҳар як кӯшиши террорист баҳри зарар расонидан ба сайёҳ дар пайи худ пайомадҳои гуногун: сиёсӣ, динӣ, ақидатӣ ва фарҳангиро доро мебошад. Аз ин рӯ, таҳдиди террористон ба сайёҳ фақат васила аст, дар асл мақсаду ҳадафҳои дигар пайгирӣ карда мешаванд.

Аз таҳлилу мушоҳидаҳо бармеояд, ки аксар вақт бо сабаби авҷ гирифтани ҷангу низоъ дар минтақаи Шарқи Наздик ва нуқтаҳои доғ ҷараёни сайёҳӣ кам мешавад. Бисёр сайёҳон дар ин мавзеъҳо қурбони гурӯҳҳои террористӣ гаштаанд. Соли 2002 дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Тунис 21 нафар сайёҳ қурбон шуданд. Баъди ин ҳодиса кишвари мазкур имконияти ҷалби бештари сайёҳонро то ба ин дам аз даст дод, ки ин ба иқтисоди кишвар зарбаи калони манфӣ расонид.

Тибқи хулосаҳои муаллифони маърӯзаи «Индекси ҷаҳонии терроризм» дар соли 2016, саҳми соҳаи туризм дар ММД-и кишварҳое, ки дар онҳо ҳамлаҳои террористӣ ба вуқуъ намепайванданд, нисбат ба кишварҳое, ки ҳамлаҳои террористӣ дида мешаванд, ду маротиба бештар аст.

Дар ин росто зикр бояд намуд, ки солҳои охир ба тадриҷ рӯҳияи сайёҳон тағйир меёбад. Сайёҳон аз лиҳози равонӣ устувортар ва ҷасур мешаванд. Агар чанд соли пеш терроризм боиси тарсу ҳароси сайёҳон буд, ҳоло вазъ то андозае дигаргун шудааст. Сайёҳон бо вуҷуди огоҳӣ ба давлатҳои аз лиҳози терроризм осебпазир саёҳат мекунанд, зеро медонанд, ки чун ҳар як фарди ҷомеа, хоҳ дар кишвари худ ва хоҳ дар давлати дигар, ҳамеша эҳтимолияти рӯ ба рӯ шудани онҳо бо хатари терроризм мавҷуд аст.

Тадқиқоте, ки аз ҷониби ширкати «Ipk International» соли 2016 дар 42 давлати аз лиҳози сайёҳӣ пешқадам ва миёни 50 ҳазор аҳолии ин кишварҳо баргузор шудааст, нишон медиҳад, ки амалҳои террористӣ ба интихоби самти сайёҳӣ таъсир мерасонанд, вале ба майлу хоҳиши сайёҳон таъсир намерасонанд. Яъне сайёҳ метавонад аз давлати интихобшуда даст кашад, вале ҳеҷ гоҳ аз сафар даст намекашад. Аз ин рӯ, терроризм наметавонад тамоми ҳадафҳоро нест кунад.

Хушбахтона, Тоҷикистон аз лиҳози рушди туризм ба муваффақиятҳои зиёд ноил шудааст ва майли сайёҳон сол аз сол барои саёҳат ба ин давлат меафзояд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021 аз ҷумлаи ташаббусҳое мебошанд, ки на танҳо ба ҳалли мушкилоти ин соҳаҳо равона мешаванд, балки дар партави ин тадбирҳо ҷумҳурии мо чораҳои мубориза бо терроризм ва падидаҳои ба ин монандро низ тақвият мебахшад. Рушди сайёҳӣ масъулияти тамоми узви ҷомеа, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро дар мубориза бо терроризм дучанд мегардонад.

Масъала фақат ба он вобаста нест, ки зиёд шудани таҳдиду хатари терроризм дар давлат теъдоди сайёҳонро коҳиш медиҳад, балки кишвар мақоми транзитии худро дар масъалаи сайёҳӣ низ аз даст хоҳад дод. Зеро сарзамини мо дар баробари кишвари сайёҳӣ будан ҳамзамон барои сайёҳон нақши транзитӣ иҷро мекунад ва сайёҳон тавассути Тоҷикистон имконияти хуби сафар ба давлатҳои ҳамсоя ва ғайри онҳоро пайдо мекунанд.

Дар радифи рушди бесобиқаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионии оммавӣ таҳдиди терроризм низ бештар мешавад. Террористон фазои иттилоотиро ба паҳн намудани иттилооти бардурӯғ, таҳдидомез ва барангезандаи кинаву адоват табдил медиҳанд, бахусус, шабакаи интернет барои анҷом додани чунин амалҳо васеъ истифода бурда мешаванд. Бинобар ин, мо бояд, ки дар самти мубориза бо терроризм бештар аз «неруи нарм» кор бигирем, яъне истифодаи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳри муборизаи иттилоотӣ ва паҳн намудани маълумот оид ба гӯшаву канори кишвар зарур мебошад.

Террористон, ки фазои кишварро баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ тариқи интернет ба ҷаҳониён нодуруст инъикос кардан мехоҳанд, мо низ бояд тариқи ин восита воқеиятҳои рушди давлат ва имкониятҳои сайёҳиро ба таври васеъ таблиғу ташвиқ намоем, зеро тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар шабакаҳои интернет иттилоот ва маълумоти кофӣ атрофи имкониятҳои сайёҳии кишварамон хеле кам мебошанд. Ҳол он ки сайёҳон пеш аз сафар ба давлат такя ба маълумоти интернет мекунанд.

Бинобар ин, бояд ки масъулияти соҳаи туризм фақат ба зиммаи Кумитаи рушди сайёҳӣ гузошта нашавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар сомонаҳои интернетии худ ба таври дақиқ ва муфассал маводи арзишманду ҷолиб  атрофи мавзеъҳои сайёҳии минтақаи худро интишор намоянд ва онро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн созанд. Дар айни замон реклама, ё ба истилоҳ таблиғи шоистаи дастовардҳои мамлакат худ як механизми муассири мубориза бо терроризм мебошад.

Ҳамин тавр, рушди соҳаи сайёҳӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ омили ҷиддӣ мебошад. Барои муборизаи шоиста бо терроризм дар самти таъмини амнияти соҳаи сайёҳӣ, пеш аз ҳама, ба сайёҳон фаҳмондани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми саёҳат, пурзӯр намудани системаи назорат ва амният дар иншоот ва инфрасохтори сайёҳӣ ва ғайра зарур мебошанд.

Июль 31, 2019 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

КАНГУРТ — ДИЁРИ ПАҲЛАВОНОН. Ба шарафи Истиқлолият ин гӯшаи кӯҳистони Тоҷикистон ба шаҳраки зебою замонавӣ мубаддал гардидааст
Дар Душанбе масъалаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом баррасӣ гардид
Дар Хоруғ гурӯҳи кории корманд-занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои таъмини амният дар Бадахшон қадрдонӣ шуд
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Хатлон марҳилаи якуми амалиёти «Нелегал-2022» идома дорад
Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ дар Тоҷикистон доир мешавад
Музаффар Ашуриён бо Вазири адлияи Русия Константин Чуйченко мулоқот намуд
АМАЛИЁТИ «КОРД». Дар Душанбе фурӯшандагони силоҳи сард дастгир гардиданд
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии афсарон ҳамоиши методӣ-таълимӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ таҳким мебахшанд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар «Seoul International Travel Fair 2022» муаррифӣ шуд
Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ рушд медиҳанд