Сулаймон Султонзода: «Дар шаш моҳ зиёда аз 250 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд»

Июль 30, 2019 11:32

ДУШАНБЕ, 30.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тӯли шаш моҳ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 250 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд. Дар ин бора директори Агентии мазкур Сулаймон Султонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, зикр шуд, ки маблағи мазкур аз ҷониби кормандони Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилоти байналмилалии молиявӣ маблағгузоришаванда ва дигар муассисаҳои буҷетӣ зимни гузаронидани санҷишҳои молиявӣ ба қайд гирифта шуд.

«Аз маблағҳои ошкорнардида камомад ва тасарруфи воситаҳои пуливу молӣ- 22,5 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ-112 миллион сомонӣ, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо-14,6 миллион сомонӣ, хароҷоти ғайриқонунии пуливу молӣ 9,8 миллион сомонӣ ва зарар аз фурӯшу иҷораи амволи давлатӣ 15,4 миллион сомониро ташкил медиҳад», — афзуд Сулаймон Султонзода.

Ба гуфтаи мавсуф, дар маҷмӯъ аз зарарҳои молиявии ошкоргардида 161,7 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.

Зикр гардид, ки дар ин муддат раванди татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 таъмин гардид.

Бояд гуфт, ки мубориза бо коррупсия аз маҷмӯи тадбирҳои гуногуни ҷиноятию ҳуқуқӣ ва пешгирикунанда иборат буда, нишонаи иродаи қавии сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва адолат дар ҷомеа, амнияти иқтисодии давлат ва рушди кишвар маҳсуб мешавад.

Мавриди зикри хос аст, ки барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти аср дар мамлакат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» амал карда, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 мавриди татбиқ қарор дорад.

Июль 30, 2019 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад