ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 июл, чоршанбе, 205-умин рӯзи соли 2019 аст

Июль 24, 2019 08:01

24 июли соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба  хабари ҳамлаи хунинтарини маргталабон дар Кобул, ки муҷиби ҳалокату захм бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта гардид, ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Ҷониби Тоҷикистон дар қатори тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ин аъмоли зишту ғайриинсонии интиҳориёнро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири таҳкими муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи неруҳои аҳримании терроризми байналмилалӣ  таъкид менамояд».

***

9 сол пеш, 24 июли соли 2010 дар шаҳри Душанбе миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Авруосиё  Созишнома дар бораи ҷудо намудани қарзи молиявӣ аз ҳисоби фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди Авруосиё бо маблағи 70 миллион доллари америкоӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе масоили гуногуни ҳамкории иқтисодӣ ва рушди гардиши мол байни Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардиданд.

24 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Вануата – Рӯзи кӯдакон.

***

Дар Россия- Рӯзи муҳандиси кадастрӣ.

РӮЙДОДҲО:

24 июли соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Об, беҳдошт ва тозагӣ» конфронс баргузор гардид.

***

Як сол пеш, 24 июли соли 2013 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба  ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт  дар шашмоҳаи  якум ва муайян намудани вазифаҳо барои шашмоҳаи дуюми соли 2018 ҷаласаи васеъ  доир гардид. Дар ҷаласа сараввал  Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ   доир ба  вазъи  иқтисодию иҷтимоӣ ва  рушди  ин соҳаҳо  ҳисобот дод.

***

24 июли соли 1851  дар Британия ситонидани андоз аз тиреза манъ карда шуд.

***

101 сол қабл,  24 июли соли 1908 дар Туркия Конститутсияи соли 1876 қабулшуда ба ҳукми амал даромада, дубора фаъол гардид.

***

24 июли соли 1956 шаҳри физикҳо— Дубна таъсис ёфт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1870 — аввалин қатораи фароқоравӣ аз Сан-Франсиско ба Ню-Йорк ворид шуд.

***

Соли 1926 – дар Англия нахустин майдон барои дави сагҳо кушода шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Июль 24, 2019 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст