ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 июл, ҷумъа, 207-умин рӯзи соли 2019 аст

Июль 26, 2019 08:00

26 июли соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба истифода додани чанд иншооти нави иҷтимоӣ ва мулоқот бо мардум ба ноҳияҳои Хуросони вилояти Хатлон сафар карданд.

***

5 сол пеш, 26 июли соли 2013 Бунгоҳи интишороти «Майванд» китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» бо теъдоди ҳазор нусха, бо хати форсӣ ва бо сифати баланд дастраси хонандагони кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардонид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ба имзо расонида шуд.

 

26 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии забони ғайриоддӣ – эсперанто.

***

Дар Мадагаскар — Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Россия — Рӯзи парашютчиён.

 

РӮЙДОДҲО:

26 июли соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории амниятию низомии ду кишвари ҳамсоя — Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ карда шуданд.

***

26 июли соли 1788 Ню-Йорк иёлати 11-уми ИМА эътироф гардид.

***

171 сол муқаддам, 26 июли соли 1847  Ҷумҳурии Либерия истиқлолияташро ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 1906 дар ИМА Бюрои федералии тафтишотӣ таъсис дода шуд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1858  Барон Ротшилд аввалин яҳудие буд, ки дар парлумони Англия ба сифати аъзо қабул шуд.

***

Соли 1993 манати озарбойҷонӣ дар ин кишвар ҳамчун пули миллӣ қабул гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Июль 26, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, панҷшанбе, 51-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, чоршанбе, 50-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, сешанбе, 49-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, душанбе, 48-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, якшанбе, 47-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, шанбе, 46-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, ҷумъа, 45-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, панҷшанбе, 44-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 феврал, чоршанбе, 43-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, сешанбе, 42-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, душанбе, 41-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, якшанбе, 40-умин рӯзи соли 2025 аст