ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 июл, душанбе, 189-умин рӯзи соли 2019 аст
8 июли соли 2004 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби вақти иҷроияи ИДМ Владимир Рушайло маҷмӯи васеи масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналмилалӣ, ҳамкории иқтисодии миёни мамлакатҳои узви ИДМ ва дигар мавзӯъҳои муҳими вобаста ба робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
***
5 сол пеш, 8 июли соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари вақти Департаменти федералии молияи Швейтсария Эвелин Видмер-Шлюмпф масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсарияро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Россия дар самтҳои сиёсат, иқтисод, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
8 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи маъюбон ва пиронсолон.
***
Дар Замбия — Рӯзи Ваҳдат.
***
Дар Россия — Рӯзи оила, боварӣ ва муҳаббат.
РӮЙДОДҲО:
8 июли соли 1932 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.
***
9 сол пеш, 8 июли соли 2010 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд хишти аввали зеристгоҳи хатти баландшиддати барқи Хуҷанд-Айнӣ гузошта шуд, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 130 миллион сомониро ташкил медиҳад.
***
8 июли соли 1884 дар Лондон Ҷамъияти миллӣ оид ба пешгирии бераҳмӣ нисбат ба кӯдакон таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1918 дар шаҳри Киеви Украина Сенати давлатии Украина ташкил карда шуд.
***
8 июли соли 1948 бомбаандози реактивии «Ил-28» аввалин парвози худро анҷом дод.
***
8 июли соли 1944 дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони фахрии «Қаҳрамонмодар» таъсис дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1796 Департаменти давлатии ИМА аввалин маротиба ба шаҳрвандони ин кишвар шиноснома дод.
***
Соли 1889 аввалин шумораи рӯзномаи «The Wall Street Journal», ки яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои ИМА мебошад, нашр шуд. Соли 2010 адади нашри он ба зиёда аз 2 миллиону 100 ҳазор нусха расид.
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад