Тоҷикистон ва Ҳиндустон масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обро баррасӣ намуданд

Июль 25, 2019 09:26

ДУШАНБЕ, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар Деҳлӣ мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Вазири Ҷал Шактии Ҷумҳурии Ҳиндустон (Вазири захираҳои об) Гаҷендра Сингҳ Шекҳават баргузор гашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду давлат дар соҳаи захираҳои об, аз ҷумла табодули таҷриба дар идоракунии ҳавзавии захираҳои об, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, иштирок дар чорабиниҳои марбут ба оби ҷонибҳо, хусусан дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 мавриди баррасӣ гирифтанд.

Июль 25, 2019 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд