Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон майдончаи футбол бунёд мекунад

Июль 31, 2019 15:00

ХОРУҒ, 31.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери як кӯҳдомани  деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон майдончаи хурди футбол бунёд карда мешавад. Дарозии ин майдонча 50 метр буда, паҳноияш  25 метр мебошад. Қарор аст, ки он дар ҷашни 28-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Ба гуфтаи  роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Маҷид Маҷидов, «доштани чунин майдончаи футболро наврасону ҷавонони деҳа солҳои тӯлонӣ орзу доштанд ва ҳоло ин орзу ҷомаи амал мепӯшад. Солҳои пеш онҳо дар фасли тобистон имкон надоштанд, ки ба бозии футбол машғул шаванд. Зеро аксари қитъаи замини ҳамвор зери кишт буд ва танҳо пас аз ҷамъоварии ҳосил ҷавонон рӯи он футбол бозӣ мекарданд».

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия гуфт, ки сохтмони боз як майдони футбол дар маркази ноҳия идома дорад ва он ба   меъёрҳои замони муосир ҷавобгӯ мебошад.

Ҷавонони деҳа, ки аксарияташон дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил мекунанд, дар таътил ба деҳаи худ баргашта, аз бунёди чунин майдонча изҳори хушҳолӣ намуданд. Ба гуфтаи онҳо, сол аз сол футболи хурд миёни ҷавонон ҳаводорони зиёде пайдо кардааст ва барои пайдо кардани футболбозони касбӣ заминаи хуб мегузорад.

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия гуфт, ки дар канори ин майдонча барои кӯдакони деҳа маркази дилхушӣ бунёд карда мешавад.

 

Июль 31, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард