Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон майдончаи футбол бунёд мекунад
ХОРУҒ, 31.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери як кӯҳдомани деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон майдончаи хурди футбол бунёд карда мешавад. Дарозии ин майдонча 50 метр буда, паҳноияш 25 метр мебошад. Қарор аст, ки он дар ҷашни 28-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Маҷид Маҷидов, «доштани чунин майдончаи футболро наврасону ҷавонони деҳа солҳои тӯлонӣ орзу доштанд ва ҳоло ин орзу ҷомаи амал мепӯшад. Солҳои пеш онҳо дар фасли тобистон имкон надоштанд, ки ба бозии футбол машғул шаванд. Зеро аксари қитъаи замини ҳамвор зери кишт буд ва танҳо пас аз ҷамъоварии ҳосил ҷавонон рӯи он футбол бозӣ мекарданд».
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия гуфт, ки сохтмони боз як майдони футбол дар маркази ноҳия идома дорад ва он ба меъёрҳои замони муосир ҷавобгӯ мебошад.
Ҷавонони деҳа, ки аксарияташон дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил мекунанд, дар таътил ба деҳаи худ баргашта, аз бунёди чунин майдонча изҳори хушҳолӣ намуданд. Ба гуфтаи онҳо, сол аз сол футболи хурд миёни ҷавонон ҳаводорони зиёде пайдо кардааст ва барои пайдо кардани футболбозони касбӣ заминаи хуб мегузорад.
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия гуфт, ки дар канори ин майдонча барои кӯдакони деҳа маркази дилхушӣ бунёд карда мешавад.









Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






