БО БАҲОИ ҶОН. Ҷасорати подполковник Фаррух Иброҳимов барои ҷавонон намунаи ибрат аст
ДУШАНБЕ, 20.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рутбаи афсари қӯшунҳои дохилӣ капитан Фаррух Иброҳимов баъди маргаш ду зина боло бардошта шуд. Ба марҳум рутбаи подполковник дода шуда, лавҳаи ёдгориаш дар саҳни қисми ҳарбие, ки ӯ фаъолият дошт, насб гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини командири баталиён оид ба техникаи қисми ҳарбии 3502 РҚД ВКД капитан Иброҳимов Фаррух Фурқатович, ки дар рухсатии меҳнатӣ дар зодгоҳаш-шаҳри Конибодом қарор дошт, баъди бохабар гаштан аз ҳодисаи сӯхтор дар манзили истиқоматии ҳамдеҳааш Саодат Толибова, воқеъ дар маҳаллаи Ҳавзи баланд бетараф наистода, барои хомӯш кардани оташ ҳисса гузошт.
Фаррух, афсари ба савганди худ содиқи мақомоти корҳои дохилӣ ҷасурона қарзи шаҳрвандии худро иҷро карда, ҷони худро дар хатар гузошта, бо ғайрати том ба сӯхторхомӯшкунӣ машғул гашт. Номбурда дар иҳотаи оташ ҷароҳатҳои вазнин (85% сӯхтани аъзои бадан) бардошта, баъдан дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи сӯхтор шоми 8 август сар зада, ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо амвол дар масоҳати 90 метри мураббаъ ба коми оташ мераванд. Инчунин хатари паҳншавии алангаи оташ ба дигар манзилҳои истиқоматӣ ба вуҷуд омада, қисми дарвозахонаи ҳамсоя низ сӯхта, зарар дидааст. Дар ин ҳодисаи сӯхтор дар баробари кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар ҳамсояҳо капитан Фаррух Иброҳимов барои хомӯш кардани оташ талош намуда, ҷони худро аз даст дод.
Оқибати сӯхтор барои оилаи Иброҳимовҳо бо аз даст додани фарзанд хеле пурдарду ҷигарсӯз бошад ҳам, барои онҳо мояи ифтихор аст, ки чунин фарзанди солеҳ, қавииродаву поктинатро ба камол расонидаанд, ки хизмат ба халқу Ватанро пеша намуда, дар ҷодаи интихоб намудааш то охирин нафас содиқ монд.
Дар ҳақиқат барои насли ҷавони мақомот корнамоии ӯ мактаби зиндаи ҷасорат аст. Мавсуф бори дигар собит намуд, ки дар замони мо ҳам ҷавонон барои нишон додани қаҳрамонӣ қодиранд.
Фаррух Иброҳимов 23 октябри соли 1992 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда, дар оила фарзанди нахустин буд. Аз соли 2010 то соли 2015 дар Институти ҳарбии қӯшунҳои дохилии ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Перм таҳсил карда, баъди хатм фаъолияти хизматиашро дар қисми низомии 3501 РКД ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Оиладор ва сохиби ду фарзанд мебошад.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ба аҳли оилаи Иброҳимовҳо сабри ҷамил хоста, гуфтанианд, ки фарзанди онҳо сазовори ситоиш аст. Ва ҳамчун қаҳрамон ному насабаш дар таърихи милитсияи тоҷик сабт мегардад.









АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад






