БО БАҲОИ ҶОН. Ҷасорати подполковник Фаррух Иброҳимов барои ҷавонон намунаи ибрат аст

Август 20, 2019 11:02

ДУШАНБЕ, 20.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода  рутбаи афсари қӯшунҳои дохилӣ капитан Фаррух Иброҳимов баъди маргаш ду зина боло бардошта шуд. Ба марҳум   рутбаи  подполковник  дода шуда, лавҳаи ёдгориаш дар саҳни қисми ҳарбие, ки ӯ  фаъолият дошт, насб  гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини командири баталиён оид ба техникаи қисми ҳарбии 3502  РҚД ВКД капитан Иброҳимов  Фаррух Фурқатович, ки дар рухсатии меҳнатӣ дар зодгоҳаш-шаҳри Конибодом қарор дошт, баъди бохабар гаштан аз ҳодисаи сӯхтор дар манзили истиқоматии ҳамдеҳааш Саодат Толибова, воқеъ дар маҳаллаи Ҳавзи баланд бетараф наистода, барои хомӯш кардани оташ ҳисса гузошт.

Фаррух,   афсари ба савганди худ содиқи мақомоти корҳои дохилӣ ҷасурона қарзи шаҳрвандии худро иҷро карда, ҷони худро дар хатар гузошта,  бо ғайрати том ба сӯхторхомӯшкунӣ машғул гашт. Номбурда  дар иҳотаи оташ ҷароҳатҳои вазнин (85% сӯхтани аъзои бадан)  бардошта, баъдан дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Ёдовар мешавем, ки  ҳодисаи сӯхтор шоми 8 август сар зада, ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо амвол дар масоҳати 90 метри мураббаъ ба коми оташ мераванд. Инчунин хатари паҳншавии алангаи оташ ба дигар манзилҳои истиқоматӣ ба вуҷуд омада, қисми дарвозахонаи ҳамсоя низ сӯхта, зарар дидааст. Дар ин ҳодисаи сӯхтор дар баробари кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар ҳамсояҳо капитан Фаррух Иброҳимов барои хомӯш кардани оташ талош намуда, ҷони худро аз даст дод.

Оқибати сӯхтор барои оилаи Иброҳимовҳо бо аз даст додани фарзанд хеле пурдарду ҷигарсӯз бошад ҳам,  барои онҳо мояи  ифтихор аст, ки чунин фарзанди солеҳ, қавииродаву поктинатро ба камол расонидаанд, ки хизмат ба халқу Ватанро пеша намуда,  дар ҷодаи интихоб намудааш то охирин нафас содиқ монд.

Дар ҳақиқат барои насли ҷавони мақомот корнамоии ӯ мактаби зиндаи ҷасорат аст. Мавсуф бори дигар собит намуд, ки дар замони мо ҳам ҷавонон барои нишон додани қаҳрамонӣ қодиранд.

Фаррух Иброҳимов  23 октябри соли  1992 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда,  дар оила фарзанди нахустин буд. Аз соли 2010 то соли 2015 дар Институти ҳарбии қӯшунҳои дохилии ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Перм таҳсил карда, баъди хатм фаъолияти хизматиашро дар қисми низомии 3501 РКД ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Оиладор ва сохиби ду фарзанд мебошад.

Роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ба аҳли оилаи Иброҳимовҳо сабри ҷамил хоста, гуфтанианд, ки фарзанди онҳо сазовори ситоиш аст. Ва ҳамчун қаҳрамон ному насабаш дар таърихи милитсияи тоҷик сабт мегардад.

 

Август 20, 2019 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад