Дар Душанбе Корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ бунёд мешавад

Август 15, 2019 10:09

ДУШАНБЕ,15.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида, барои сохтмони  Корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар пойтахт  қитъаи замин ҷудо намуд, ки айни замон  дар он корҳои пеш аз сохтмонӣ  оғоз гардидаанд. Корхонаи мазкур аз ҷониби  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» бунёд мегардад.

 Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» Рухсораи НУР бо муовини директори генералӣ оид ба ҳамкории хориҷии ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» Бежан АЗОНОВ  ҳамсуҳбат гардид.

Дар суҳбат  Бежан Азонов иброз дошт, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим  гирифтааст, ки  дар амалигардии ҳадафи чоруми  миллӣ  – саноатикунонии мамлакат ҷиҳати ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ саҳми  намоён  гузорад. Бунёди Корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ  –шаҳри Душанбе аз зумраи ин корхонаҳои бунёдшаванда мебошад.

«Бояд гуфт, ки алҳол бо дарназардошти рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, васеъшавии шаҳру ноҳияҳо, зарурати аввалиндараҷа ба навсозию  барқароркунии шабакаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва канализатсия, инчунин таъминоти майдонҳои кишоварзӣ бо об ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ ба миён омадааст. Ҳамзамон сол то сол масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва низоми обпарто ба яке аз масъалаҳои мубрам  табдил ёфта, он дар Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҳадафи шашум маҳсуб мешавад.

Тибқи  «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ин масъала яке аз афзалиятҳо дар фаъолияти  Ҳукумати  мамлакат  дар самти рушди сармояи инсонӣ — ташаккули муҳити мусоид  барои зиндагӣ, аз ҷумла ба воситаи дастрасии аҳолӣ ба шабакаҳои таъминоти оби нӯшокӣ  ва  низоми обпарто   мебошад. Дар ин робита, ҳамасола дар ҷумҳурӣ лоиҳаҳои бузург дар соҳаи таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, ирригатсия ва  канализатсия, ки аз сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ, грантҳо ва ё қарзҳои шарикони рушд  маблағгузорӣ  мегарданд, татбиқ  мешаванд. Қубурҳое, ки ҳангоми амалинамоии лоиҳаҳои мазкур истифода мешаванд,  асосан аз хориҷи  ҷумҳурӣ  харидорӣ   мегарданд, ки сарфи вақт ва маблағҳои калонро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, ҷамъияти «Авесто Гурӯҳ» бо дарназардошти асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ҷиҳати сохтмони корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ иқдом  гирифт»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Иттилоъ дода шуд, ки  тибқи нақша, корхонаи мазкур дар майдони 4 гектар сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол то 150 км қубурро ташкил медиҳад. Диаметри қубурҳои истеҳсолшаванда аз Ø300мм. то Ø3000мм-ро ташкил менамояд. Дар корхонаи мазкур зиёда аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Истеҳсолоти мазкур пурра воридотивазкунанда буда, ҳангоми ба иқтидорҳои комил баромадани истеҳсолот имконияти содироти маҳсулоти корхона ба кишварҳои ҳамсоя пайдо мегардад. Ин корхона яке аз иншооти бунёдшаванда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Б. Азонов дар тақвияти гуфтаҳои боло иброз дошт,  ки истеҳсоли чунин қубурҳо ҳанӯз 50 сол пеш дар Аврупо шурӯъ гардида, то ҳол муваффақона истифода  бурда  мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи   қубурҳои   шишапластикӣ   қариб, ки  ба   назар намерасад. Таҳлилҳо нишон доданд,  ки истифодаи қубурҳои шишапластикӣ ҳангоми истеҳсоли он дар дохили ҷумҳурӣ  аз лиҳози иқтисодӣ  манфиатовар  мебошад.  Қубурҳои шишапластикӣ  новобаста аз дарозӣ ва ҳаҷм хеле  сабук  буда, аз лиҳози насбнамоию истифода  хеле  сода  ва  осон  мебошанд. Онҳо  ба   фишори   баланд  тобовар  буда,  оташбардор ҳастанд.

«Барои истеҳсоли  қубурҳои зикргардида асосан  маҳсулоти зерин, аз ҷумла қуми кварсӣ, нахи шишагин ва қатрон  зарур  мебошанд. Дигар намуди ашёи хом то пайдо намудани манбаи дохилӣ аз  хориҷи  мамлакат ворид карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи дигари муҳим чиҳати истеҳсол намудани қубурҳои мазкур- ин  технологияи  истеҳсолӣ мебошад.  Айни замон се намуди асосии истеҳсолот, аз   ҷумла истеҳсол бо тарзи резиши  марказонидашуда, печоиши беист ва печоиши буридашакл дар байни истеҳсолкунандагон истифода бурда мешавад. Ҷамъияти мо  низ дар  оянда  истеҳсоли қубурҳоро бо  истифода аз яке аз тарзҳои болозикр ба нақша гирифтааст»,- гуфт номбурда дар идомаи суҳбат.

Хотиррасон менамоем, ки 19 март  аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» лоиҳаи корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардида буд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Август 15, 2019 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид