Дар Суғд чаҳор нафарро аз ғарқшавӣ дар дарёи Сир наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 02.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд тавонистанд чаҳор шаҳрвандро, ки якеашон қариб 14-сола буд, дар назди соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд аз марг наҷот диҳанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Пайраҳадорони канори дарё сокинони 14 – сола ва 18 – солаи шаҳри Истаравшан, сокини 18 – солаи ноҳияи Ашт ва сокини 23 – солаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғдро, ки зимни оббозӣ дар дарёи Сир ғарқ мешуданд, аз марг наҷот доданд», — зикр менамояд сарчашма.
Онҳо дар ҷойи мамнӯъ оббозӣ мекарданд. Ба онҳо ёрии аввалини тиббӣ расонида шуд ва аз бистарӣ шудан дар беморхона даст кашиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар 7 моҳи соли равон дар дарёҳо ва обанборҳои мамлакат 93 нафар ба ҳалокат расида, 43 нафар наҷот дода шуданд.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бори дигар аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки бо риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар назди обанборҳо ва дарёҳо ба кӯдакон диққати махсус дода, онҳоро беназорат нагузоранд.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






