Инфрасохтори сайёҳии Бонки миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» муаррифӣ гардид

Август 10, 2019 10:53

ДУШАНБЕ, 10.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар нахустин  Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019», ки шоми 8 август дар Боғи фарҳангу фароғатии «Куруши Кабир» доир гардид, дар радифи  дигар имконоти сайёҳии мамлакат  инчунин сатҳи хизматрасонӣ ва зарфиятҳои Осоишгоҳи «Баҳористон», истироҳатгоҳи «Шоҳин» ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон ба  меҳмонони дохиливу хориҷӣ муаррифӣ гардиданд.

 Дар ин намоишгоҳи имкониятҳои  сайёҳӣ ва ҳунармандӣ Гӯшаи зерсохторҳои  Бонки миллии Тоҷикистонро муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ва Ҳамидулло Машрабзода муаррифӣ карда, оид ба имконияти фарохи марказҳои таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва Хоруғ, истироҳатгоҳи «Шоҳин», Осоишгоҳи «Баҳористон» ба меҳмонон маълумоти зарурӣ пешниҳод намуданд.

Гуфта шуд, ки имкониятҳои фароҳам гашта дар марказҳои сайёҳии Бонки миллии Тоҷикистон барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ буда, сол то сол шумораи ташрифоварандагон меафзояд. Инро дида, масъулин сатҳи хизматрасониву малакаи касбии кормандони марказҳои мазкурро бо баргузории семинару чорабиниҳои таълимӣ такмил медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки намоишгоҳи мазкур дар доираи баргузории нахустин Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» доир гардида, аз он намояндагони 25 кишвари ҷаҳон дидан намуданд.

Август 10, 2019 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд