Инфрасохтори сайёҳии Бонки миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019», ки шоми 8 август дар Боғи фарҳангу фароғатии «Куруши Кабир» доир гардид, дар радифи дигар имконоти сайёҳии мамлакат инчунин сатҳи хизматрасонӣ ва зарфиятҳои Осоишгоҳи «Баҳористон», истироҳатгоҳи «Шоҳин» ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ муаррифӣ гардиданд.
Дар ин намоишгоҳи имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ Гӯшаи зерсохторҳои Бонки миллии Тоҷикистонро муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ва Ҳамидулло Машрабзода муаррифӣ карда, оид ба имконияти фарохи марказҳои таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва Хоруғ, истироҳатгоҳи «Шоҳин», Осоишгоҳи «Баҳористон» ба меҳмонон маълумоти зарурӣ пешниҳод намуданд.
Гуфта шуд, ки имкониятҳои фароҳам гашта дар марказҳои сайёҳии Бонки миллии Тоҷикистон барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ буда, сол то сол шумораи ташрифоварандагон меафзояд. Инро дида, масъулин сатҳи хизматрасониву малакаи касбии кормандони марказҳои мазкурро бо баргузории семинару чорабиниҳои таълимӣ такмил медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки намоишгоҳи мазкур дар доираи баргузории нахустин Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» доир гардида, аз он намояндагони 25 кишвари ҷаҳон дидан намуданд.









Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»






