«МО БОЗ ҲАТМАН МЕОЕМ!». Милитсияи сайёҳӣ ба ду нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ҳолати ногувор афтида буданд, кӯмак намуд

Август 15, 2019 11:51

ДУШАНБЕ, 15.08.2019./АМИТ «Ховар»/. Шаҳрванди Италия Верни Освалдо Сомило, соли таваллудаш 1959, ба шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зада, муроҷиат намуд, ки сумкаашро дар роҳи Хуҷанд-Душанбе гум кардааст ва инчунин мототсиклаш низ вайрон шудааст, бинобар ҳамин аз милитсияи сайёҳӣ ёрии ҳуқуқӣ талаб намуд.

 Дар натиҷа, кормандони милитсияи сайёҳӣ ба Верни Освалдо Сомило ёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ расониданд ва мототсикли ӯро таъмир намуда, то гузаргоҳи сарҳадии шаҳри Панҷакент бо автомашинаи хизматӣ бурда расониданд.

Милитсияи сайёҳӣ ҳамчунин 8-уми августи ҳамин сол ба  сайёҳи дигари  хориҷӣ, шаҳрванди  Австралия Алфредо Стефан Ричард, соли таваллудаш 1973, ки дар ноҳияи Мурғоби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дучарха ба санг бархӯрда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буд,  дасти мадад расонид.

Алфредо Стефан Ричард  дар бораи  ба садама дучор шуданаш ба шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ тавассути телефон муроҷиат намуда, кӯмак хост.   Дере нагузашта, кормандони милитсияи сайёҳӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷои ҳодиса  ҳозир шуданд.  Онҳо ба ҷабрдида  ёрии таъҷилӣ расонида,   сипас  бо автомашинаи милитсияи сайёҳӣ номбурдаро ба шаҳри Хоруғ оварданд ва аз он ҷо   ба шаҳри Душанбе интиқол доданд.

Ҳам Верни Освальдо Сомило ва ҳам Альфредо Стефан Ричард ба милитсияи сайёҳӣ барои расидагии саривактӣ ва кӯмаки ройгонашон  изҳори сипос намуданд ва илова карданд, ки Тоҷикистон ва мардуми он барояшон мақбул афтоданд ва онҳо боз ҳатман ба ин сарзамин хоҳанд омад.

Хотиррасон менамоем, ки милитсияи сайёҳии Тоҷикистон бори нахуст ба сайёҳони хориҷӣ  9 августи соли гузашта дасти мадад дароз карда буд.   Он рӯз сайёҳ аз ИМА  Мэтью Пушел ҳамроҳи завҷа ва кӯдаки хурдсолаш  дар Душанбе сайр мекард ва дар такси ҳамён ва пулҳояшро гум мекунад.   Чашми Мэтью ба мошини милитсия меафтад ва зуд ба ронандаи он, корманди милитсия дар бораи ҳодисаи рухдода муроҷиат мекунад. Дар натиҷа кормандони милитсияи сайёҳӣ  дар бадали ҳамагӣ 20 дақиқа ҳамён ва пулҳои гумшударо ёфта, ба соҳибаш баргардониданд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан навишта буд, шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аввали соли 2018 дар назди Шуъбаи экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Шуъбача аз 40 нафар корманд иборат буда, бо  мошину таҷҳизоти зурурӣ таъмин аст ва дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон фаъолият мебарад. Вазифаи асосии онҳо таъмини амнияти сайёҳони хориҷӣ ва кӯмаки саривақтӣ ба орнҳо дар қаламрави  Тоҷикистон  мебошад.

«Корманди милитсияи сайёҳӣ бояд забонҳои русию англисиро донад, бо талаботу меъёрҳои Конститутсия  ва дигар қонунҳои Тоҷикистон шинос бошад. Хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ пурра ройгон аст. Сайёҳон метавонанд дар ҳолати зарурӣ ба телефонии боварии милитсияи сайёҳӣ занг зананд», — гуфт сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

 Телефони боварии милитсияи сайёҳии Тоҷикистон: 221 21 21, 93 922 91 79, 19 19.

Август 15, 2019 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд