Дар Хатлон оид ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Зимни ҷаласа иброз гардид, ки гурӯҳҳои корӣ бояд фаъолияти худро ба ҳифзи солимии оила ва хонаводаҳо, пешгирии зӯроварӣ ва муноқишаҳои оилавӣ, мубориза бо ҷиноятҳои дорои хусусияти ахлоқӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, тарғиби таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои неки хонаводагӣ равона созанд. Ҳамзамон зарурати коҳиш додани носолимӣ ва ноустувории оилаҳо дар сатҳи кӯчаву маҳалла, шаҳраку деҳот ва ҷомеа ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳимтарини ин гурӯҳҳо арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки дар минтақаҳои хизматӣ вазъи воқеии оилаҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, рӯйхати оилаҳои муноқишадор ва дар ҳолати осебпазир қарордоштаро муайян намоянд. Аз ҷумла, ба омӯзиши оилаҳое, ки дар онҳо ҳолатҳои зӯроварӣ ва хушунати такрорӣ ба қайд гирифта шудаанд, муайян намудани сабабу омилҳои ба чунин вазъ мусоидаткунанда, гузаронидани суҳбатҳои инфиродии профилактикӣ ва андешидани тадбирҳои мушаххаси пешгирикунанда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
«Масъалаи муайян намудани ноболиғоне, ки дар муҳити носолими оилавӣ қарор доранд, пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, озори ҷинсӣ, таҷовуз ба номус ва дигар кирдорҳои зиддиахлоқӣ низ бояд дар маркази таваҷҷуҳи доимии гурӯҳҳои корӣ қарор дошта бошанд»,–гуфта шуд дар ҷаласа.
Таъсис ва ба роҳ мондани фаъолияти гурӯҳҳои кории доимамалкунанда иқдоми муштаракест, ки ҳадафи он пешгирии саривақтии муноқишаҳои хонаводагӣ, ҳифзи ҳуқуқу амнияти шаҳрвандон, таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои тарбияи насли шоистаи оянда мебошад.
Бояд гуфт, ки бо таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таҳкими оила ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон дар мамлакат якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои соҳавӣ қабул ва амалӣ гардидаанд. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани масъулияти падару модар, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ахлоқӣ, инчунин таҳкими мавқеи оила ҳамчун ниҳоди асосии ҷомеа равона шудаанд. Зеро оила нахустин мактаби тарбия, пояи асосии ҷомеа ва рукни муҳими давлатдорӣ буда, ҳифзи оилаи солим масъулияти муштараки ҳар сохтори давлатӣ ва узви ҷомеа ба ҳисоб меравад.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият медиҳанд
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ кормандони ояндаи милитсияи тоҷик таҳсил мекунанд
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






