Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи Деваштичро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштич муҷассамаи Деваштичро ифтитоҳ намуданд.
Муҷассамаи Деваштич дар яке аз мавзеъҳои зебои ноҳия, дар боғи навбунёд, паҳлуи Парчами давлатӣ бунёд шудааст.
Баландии муҷассама бо пояаш 12 метр буда, он аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов сохта шудааст.
Баъди ифтитоҳи муҷассама Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром дар пояи муҷассамаи Деваштич гулчанбар гузоштанд.
Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияи Деваштич бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву ободгаронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти таъйиноти гуногунро ба роҳ монданд. Сохтмони муҷассамаи Деваштич низ аз иқдомҳои нек дар ин самт мебошад.
Деваштич — яке аз шоҳони охирини Суғди Самарқанд, ҳокими Панҷакент ва қаҳрамони муборизаи озодихоҳии суғдиён зидди истилогарони араб мебошад. Деваштич соли 720 ҳамроҳи шоҳи Суғд Ғурак дар шӯриши озодихоҳии суғдиён зидди истилогарон иштирок кардааст.
Ба номи шахсиятҳои маъруф ва таърихӣ номгузорӣ кардани шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва гузоштани муҷассамаи онҳо қадршиносию арҷгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳояшон баҳри пойдории давлатдории тоҷикон ва бақои мардуми тоҷик дар масири таърих аст.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






