Рустами Эмомалӣ ба кумитаи тадорукоти Чемпионати CAFA-2019 миннатдорӣ изҳор намуд

Август 2, 2019 19:26

ДУШАНБЕ, 02.08.2019./АМИТ «Ховар»/. Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (Сеntral Asian Football Association) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба сифати як шахсияти муътабар дар соҳаи футбол ба кумитаи тадорукоти Чемпионати CAFA-2019 миёни наврасони то 16-сола  барои дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифа ва масъулияти  бардӯшдоштаашон миннатдорӣ изҳор намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «Варзиш».

«Аз номи  Ассосиатсияи  футболи Осиёи Марказӣ (Сеntral Asian Football Association) ва шахсан аз номи худам ба кумитаи тадорукот миннатдории бепоёни хешро иброз медорам, — гуфт Рустами Эмомалӣ. —  Мусобиқоти мазкур, ки дар кишвари мо баргузор  шуд,  бояд зикр намуд, ки  дар сатҳу сифати олӣ роҳандозӣ  гардид ва  бо ҳамин маром хотима ёфт. Давоми маъракаи мазкур як қатор бозиҳои диданиву ҷаззоб сурат гирифтанд, ки то  дер гоҳ дар хотироти мухлисон нақш хоҳанд баст. Ҳамин тариқ,  ғолиб ё  чемпиони  ин мусобиқот дар охирин  бозӣ муайян гардид. Бо ҳамин далел  ва бо истифода аз ин фурсат  дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро барои  дарёфти медалҳои  тилло  сидқан табрику  таҳният гуфта, барояшон ғалабаҳои нав ба нав олрзу мекунам!».

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин минатдории хешро  хешро ба роҳбарият ва аъзоёни дастаҳои мунтахаби наврасони Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, Туркманистон ва Қирғизстон  ҷиҳати  иштироки фаъолонаашон дар ин  чемспионат баён дошт ва дар фаъолияти минбаъдаи онҳо баҳри дарёфти роҳхат ба   бозиҳои  интихобии  Чемпионати Осиё-2020, ки моҳи сентяр доир хоҳад гашт,  барору комёбиҳо орзу кард.

Бояд илова намуд, ки ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон  Чемпионати CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби то 19-сола  оғоз мегардад. «Аминам, ки ин мусобиқа низ дар сатҳу сифати  баланд доир шуда, дӯстиву рафоқат ва меҳру садоқатро миёни ҷавонон  таҳкиму тақвият мебахшад ва барои сокинон ва меҳмонони ба иди бузурги футбол  табдил хоҳад гашт», – иброз дошт  Рустами Эмомалӣ дар мусоҳиба ба дафтари матбуоти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ.

Август 2, 2019 19:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад