Сафири навтаъйини Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 07.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 августи соли 2019 муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюкро қабул намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Украина мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зоҳир Саидзода Василий Серватюкро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар пешбурди фаъолияти пурмасъулаш барору комёбиҳо таманно кард.
Ёдовар мешавем, ки Серватюк Василий Николаевич 12 марти соли 1957 дар деҳаи Украинкаи вилояти Кировоград таваллуд шудааст. Омӯзишгоҳи олии ҳарбии сарҳадии ба номи К. Ворошилов (с.1978) ва Академияи ҳарбии ба номи Фрунзе (с.1987)-ро хатм кардааст. Аз соли 1978 то соли 1992 дар Закавказ ва Осиёи Миёна хизмат кардааст.
Сафири навтаъйини Украина рутбаи генерал-лейтенант дорад. Ӯ доктори илмҳои ҳарбӣ оид ба ихтисоси «Ҳимояи сарҳади давлатӣ», профессор мебошад.
То ин дам Серватюки 62-сола ба ҳайси муовини раиси Хадамоти сарҳади давлатии Украина кор мекард.
То таъйин шудани В. Серватюк намояндагии дипломатии Украинаро дар Тоҷикистон Виктор Никитюк, ки аз моҳи августи соли 2012 то октябри соли 2018 ҳамчун Сафири Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт, намояндагӣ мекард.








Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид






