Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Боғчаи кӯдаконро дар ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд

Август 21, 2019 08:32

ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Деҳоти Яхтан Муассисаи таҳсилоти томактабии “Дӯстӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин кӯдакистони навбунёд дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад то 300 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Иншооти мазкур аз ду ошёна, 10 синфхона, нуқтаи тиббӣ, ошхона, толори мусиқӣ, ҳуҷраи методӣ, утоқҳои роҳбарон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ иборат мебошад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ин даргоҳи илму маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Дар муассисаи замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, қариб 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардида, фарзандони мардуми ноҳия дар 10 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонии он беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд.

Дар баробари фароҳам овардани беҳтарин шароит дар кӯдакистони “Дӯстӣ” ҳамзамон дар саҳни ҳавлии он 10 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон муҷаҳҳаз бо ашёи зарурии обутоби бадан, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ ва ҳавзи шиноварӣ бо дарозии 26 ва паҳнои 13 метр сохта шудааст, ки кӯдакон аз он ба таври васеъ истифода менамоянд.

Ҳудуди ин муассиса ҳамчунин бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ карда шуда, пурра чароғон мебошад.

Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин кардани кӯдакистон дастгоҳи гармидиҳӣ пайваст буда, бо ангишт ва ҳам бо неруи барқ кор мекунад.

Маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат аст, ки соҳаи маориф давоми солҳои соҳибистиқлолӣ рушд намуда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин иншооти замонавӣ барои насли оянда ба истифода дода мешавад.

Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ маънидод намуда, аз мураббиён даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз ин шароити мусоид кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо оянда баҳри пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.

Ифтитоҳи Боғчаи кӯдакон дар ноҳияи Деваштич 21.08.2019

Август 21, 2019 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид