Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасонро ифтитоҳ намуданд

Август 2, 2019 08:59

ДУШАНБЕ, 02.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 2 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасонро, ки бо тарҳи муосир бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон дар маркази шаҳри Ваҳдат бо саҳми соҳибкори ватанӣ Акмал Раҳимов бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо нуқтаҳои савдо ба соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати бунёди чунин маркази замонавӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳсану офарин хонданд.

Соҳибкор Акмал Раҳимов аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони маҳаллӣ ва додани имтиёзҳои фарох барои рушди соҳибкории хурду миёна изҳори сипос намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии бино 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон аз таҳхона ва 3 ошёна иборат мебошад. Иншооти мазкур дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонии бинои мазкур аз ҷониби кормандон ва мутахассисони Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Ворисони Аваз-500» анҷом дода шудааст.

Тибқи лоиҳа, корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон моҳи июни соли 2018 оғоз гардида, он дар муҳлати як сол бо сифати баланд ба истифода дода шуд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 45 нафар сокинон ва меъморони маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб карда шуда, бо маоши хуб таъмин карда шуданд. Дар маҷмӯъ бинои мазкур бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Мувофиқи лоиҳа, дар таҳхонаи бинои Марказ мағозаи фурӯши пойафзол ва либосворӣ ба роҳ монда мешавад.  Дар ошёнаи якум мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрокӣ ва «Кошонаи ҳусн» мавҷуданд, ки дар як вақт ба 12 нафар мизоҷ хизмат расонида мешавад. Дар мағозаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ сандуқҳои бо нақшу нигори миллӣ сохтаи ҳунармандон ба фурӯш гузошта шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бунёди чунин иншооти бисёрсоҳаро дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинон туҳфаи арзанда унвон карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таъкид доштанд, ки имрӯз саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди иншооти гуногун ва раванди корҳои ободонӣ назаррас мебошад.

Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ ба соҳибкорон сабукиву имтиёзҳои фарох фароҳам сохтааст. Натиҷаи дастгирии давлатӣ буд, ки имрӯз соҳибкорони ватанӣ фаъолияти назаррас доранд.

Дар ошёнаи дуюм коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти дӯхташуда, аз ҷумла, либосҳои мактабӣ, либосҳои миллӣ, ба монанди чакан ба роҳ монда шудаанд. Ҳамзамон «Кошонаи ҳусн» дар як вақт барои қабули 8 нафар мизоҷ пешбинӣ гардидааст.

Коргоҳи дӯзандагӣ бо таҷҳизоти нав таъмин карда шуда, дар ин ҷо қариб 30 нафар занону духтарони бешуғл ба омӯзиши касби дӯзандагӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҷойи хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон дар ошёнаи сеюм ҷойгир буда, он бо таҷҳизоти пешрафта, аз қабили мошинчаҳои бо қувваи барқ ҳаракаткунанда ва дигар асбобе, ки барои бозии кӯдакон пешбинӣ гардидаанд, муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Дар рӯзи ба фаъолият оғоз кардани Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акмал Раҳимов маъракаи хатнаи зиёда аз 40 нафар кӯдакон аз оилаҳои низманд ва ятимон гузаронида шуд.

Ба истифода додани Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон имкон фароҳам овард, ки фарзандони сокинони шаҳри Ваҳдат дар шароити муосир ва беҳтар ба фароғат фаро гирифта шаванд. Сокинон таъкид медоранд, ки дар маркази шаҳри Ваҳдат чунин иншооти хизматрасонии бисёрсоҳа мавҷуд набуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмӯъ дар Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон зиёда аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Қомат афрохтани бинои Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон имкон фароҳам овард, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, ба хизматрасониҳои босифат дастрасӣ пайдо намоянд ва  инчунин ба ҳусни шаҳри Ваҳдат зебоӣ зам гардад.

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон дар шаҳри Ваҳдат 02.08.2019

Август 2, 2019 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд