«Сомон Эйр» дар маросими «Ҳаҷ-2019» аз Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба Ҷиддаи Арабистони Саудӣ 24 парвоз анҷом дод

Август 3, 2019 09:35

ДУШАНБЕ, 03.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» марҳалаи якуми барномаи «Ҳаҷ-2019»-ро, ки дар доираи он 3750 нафар зоирин аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба Ҷидда интиқол дода шуданд, анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

Сарчашма хабар медиҳад, ки хатсайри аввалин тибқи барномаи давлатии «Ҳаҷ-2019» 22 июл сурат гирифта, парвози охирин дар самти Душанбе-Ҷидда 2 август анҷом дода шуд. Дар давраи интиқоли зоирини тоҷик ба Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  дар маҷмӯъ 24 хатсайр, аз ҷумла – 3 хатсайр аз Хуҷанд, 2 хатсайр аз Кӯлоб ва 19 хатсайр аз Душанбе Чидда анҷом дод. Марҳалаи бозгашти зоирин аз Ҷидда ба шаҳрҳои Тоҷикистон аз 21 август дар масири Ҷидда-Душанбе оғоз мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки алҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона иҷро  менамояд.

Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2017 инҷониб  аъзои IATA мебошад.

Август 3, 2019 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа