То ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Душанбе иқдоми «Тозагии маҳал» доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 26.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат иқдоми «Тозагии маҳал»-ро роҳандозӣ кардааст.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории ин иқдом тақвият додани корҳои ободонӣ, тоза намудани кӯчаву хиёбон ва таъмини беҳдошти муҳити зист дар шаҳраку маҳаллаҳо мебошад.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз пайваста аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт чунин иқдом роҳандозӣ шуда, ба он сокинони маҳаллаҳо ҷалб карда мешаванд.
Тибқи маълумот, то имрӯз беш аз 19 ҳазору 450 нафар ба ҳамоиши «Тозагии маҳал» ҷалб карда шудаанд. Инчунин ба ин амали экологӣ 81 техника сафарбар гардида, 160,5 тонна партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки то таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тозаю озода намудани ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳо пайваста чунин ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор намояд.









Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






