Тоҷикистон ва Эрон зарурати истифодаи зарфиятҳои зиёди ҳамкории иқтисодию сармоягузориро таъкид намуданд

Август 1, 2019 16:05

ДУШАНБЕ, 01.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Теҳрон 31 июл  мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири  иқтисод ва дороии Эрон Фарҳоди Дижписанд баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба маълумоти манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо зарурати истифодаи зарфиятҳои зиёди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Эронро таъкид карданд.  Ҷиҳати густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар такмил ва тавсеаи заминаи шартномавии ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкӣ, сармоягузорӣ, бима ва гумрук салоҳи кор дониста шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои мушаххаси робитаҳои ниҳодҳои иқтисодиву молиявии ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Дар фарҷоми мулоқот ҷониби эронӣ роҳбарони вазоратҳои марбутаи Тоҷикистонро ба Теҳрон даъват карда, изҳори боварӣ намуд, ки ин сафарҳо ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявӣ миёни ду давлат мусоидат мекунанд.

Август 1, 2019 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд