«Бегонагон ба Афғонистон сулҳ нахоҳанд овард»-бардошт аз маросими ёдбуди шаҳидони роҳи озодию сулҳи Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 20.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ҳеҷ гоҳ ҳузури бегонагон ва неруҳои аҷнабиро дар хоки Афғонистон намепазируфт ва ӯ Афғонистонро сарзамини озод, орому босубот ва пешрафтаву шукуфо дидан мехост». Ин нукта дар маросими ёдбуд аз «Ҳафтаи шаҳид» ва ҳаждаҳумин солрӯзи шаҳодати Қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ва ҳаштумин солрӯзи шаҳодати профессор Бурҳониддин Раббонӣ, шаҳиди сулҳ ва Раисҷумҳури собиқи Афғонистон, Раиси Шӯрои сулҳи Афғонистон, ки шоми 19 сентябр дар Сафорати Афғонистон дар Душанбе доир гардид, садо дод.
Дар маросими ёдбуди ин ду шаҳиди роҳи озодиву ваҳдати Афғонистон — Аҳмадшоҳ Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ аҳли илму фарҳанг, сиёсатшиносон ва шахсиятҳои шинохтаи ду давлати ҳамҷавор – Тоҷикистон ва Афғонистон ҳузур доштанд.
Кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмансур Бадахшӣ доир ба корнамоии ин ду шаҳид, шахсиятҳои барҷастаи сиёсии Афғонистон сухан карда, нақши онҳоро дар ҳифз ва ҳимояи хоки Афғонистон аз неруҳои бегона, ҳузури онҳо, таъмини сулҳу ваҳдат махсус зикр кард.
Дипломати афғон иброз дошт, ки ин ду шахсияти саршинос ва фарзанди баруманди Афғонистон намунаи барҷастаи мардонагӣ, садоқат ба ватан, имондорӣ ва дифоъ аз озодиҳои мардуми азияткашидаи Афғонистонанд. Номбурдагонро натанҳо дар ин кишвар, балки берун аз он ба ҳайси ҳомии сулҳу озодии мардуми Афғонистон ва чун шахсияти шинохтаи илми Афғонистон мешиносанд. Орзуву омол ва ҳадафи ин ду марди олами сиёсат бунёди Афғонистони бидуни ҳузури аҷнабиён, хосса неруҳои хориҷӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, фароҳам овардани зиндагии хушу осуда, пойдории сулҳу салоҳ ва суботи сартосарӣ дар хоки Афғонистон буд. Мутаассифона, душманони сарзамини Афғонистон бо истифода аз роҳҳо ва найрангҳои гуногун тавонистанд ба ҳадафи нопоку разилонаи худ бирасанд. Ин буд, ки 18 сол муқаддам- 9 сентябри соли 2001 ба ҷони сипаҳсолори барҷаста, ҳомии роҳи озодиву истиқлоли Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд бо дасисаи кишварҳои абарқудрат суиқасд сурат гирифт, ки дар натиҷа ӯ 10 сентябри соли 2001 аз олам даргузашт. Ному корнамоӣ, далерию мардонагӣ ва ватандӯстии ӯ дар сафҳаи таърихи Афғонистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, барои насли имрӯз ва фардои Афғонистон намунаи барҷастаи ибрат дар роҳи ҳифзи марзу буми Афғонистон ва таъмини озодии ин сарзамин аст.
Дар ин чорабинӣ ҳамзамон намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Салоҳиддин Насриддинзода, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон Қосимшоҳ Искандаров, профессор Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи Кобул, доктор Файзулло Ҷалол, шоира Шаҳрия ва дигар аҳли сиёсат ва илму фарҳанг хотирот ва ёдоштҳои худро доир ба ҳаёт ва фаъолият, мардонагӣ, корнамоии сипаҳсолор Аҳмадшоҳ Масъуд, ки бо номи Шери Панҷшер шинохта шуда буд ва шаҳиди сулҳ профессор Бурҳониддин Раббонӣ баён доштанд. Махсусан нақши ин ду марди шаҳиди роҳи озодӣ дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон махсусан таъкид гардид.
Зимни баёни хотироти худ профессор Иброҳим Усмонов гуфт, ки вақте соли 1996 дар маҳалли Хустдеҳи Афғонистон бо неруҳои ҳамонвақтаи мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон гуфтушунид доир гардид ва дар он шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ҳам ҳузур дошт, ӯ гуфта буд: «Аз Тоҷикистон бӯи сулҳ меояд». Ва ин буд, ки маҳз бо мусоидати ин ду марди роҳи озодӣ ва шаҳиди сулҳ гуфтушуниди тоҷикон бо ҳамдигарфаҳмӣ, мусолиматомез ва некӣ анҷомида, соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Бо дахли вазъи кунунии сиёсии сарзамини Афғонистон профессори тоҷик гуфт, ки раванди сулҳи Афғонистон муайян нест. Зикр шуд, ки имрӯзҳо дар Афғонистон даҳҳо нафар- тифл дар гаҳвора, наврас дар дабистон, ҷавону арӯс дар маросими тӯй кушта мешаванд. Роҳи асосии овардани сулҳу салоҳи саротосарӣ ва комил дар Афғонистон- ин муттаҳидӣ ва ҳамраъйии тамоми ҳизбу гурӯҳҳо ва қавму миллатҳои ин кишвар аст, зеро ҳеҷ гоҳ бегонагон бо ҳузури худ дар ин сарзамин, ки яке аз нукоти ноороми дунёст, ба он сулҳ нахоҳанд овард.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»