Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони «Амалҳои муваффақ дар соҳаи об барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои марбут ба тағирёбии иқлим» баргузор гардид

Сентябрь 26, 2019 08:38

ДУШАНБЕ, 26.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри НюЙорк бо ибтикори Тоҷикистон ҳамоиши канории сатҳи баланд таҳти унвони «Амалҳои муваффақ дар соҳаи об барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои марбут ба тағирёбии иқлим» баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳамоиши мазкурро Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фиҷи, Канада, Марокаш, Португалия, Россия, Сингапур, Швейтсария, Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва СММ- ниҳоди Об баргузор намуд, ки дар он намояндагон ва мутахассисони кишварҳои аъзои СММ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Қисми якуми ҳамоиш таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин доир гардид, ки дар он Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Фиҷи Ҷосиа Ворек Ваинимарама, Вазири корҳои хориҷии Португалия Огусто Сантос Силва, Директори генералии Агентстваи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ сафир Мануэл Сагер, Муовини Дабири Кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ Лю Женмин ва дигар шахсони валомақом суханронӣ намуданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронии хеш ҳозиринро аз саъю талошҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва омодагӣ ба Конфронси дуввуми байналмилалии сатҳи баланд ҷиҳати иҷрои Даҳсолаи амал, ки соли 2020 дар ш. Душанбе барпо мегардад, шинос намуда, аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати иштироки фаъол дар кори конфронс даъват ба амал овард.

Дар идомаи ҳамоиши мазкур инчунин Фиристодаи вежаи Нидерланд оид ба масъалаҳои об Хенк Овинк, Директори Институти байналмилали оби Стокголм (SIWI) Торни Холмгрен, намояндаи воломақоми ЮНЕСКО, вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Венгрия, вазири муҳити зисти Қазоқистон, муовини вазири корҳои хориҷии Финляндия ва дигар намояндаҳои воломақом суханронӣ намуданд.

Зимни ҳамоиш иштирокчиён хатарҳоеро, ки дар натиҷаи тағирёбии иқлим ба вуҷуд омадаанд ва амалҳои муваффақро дар соҳаи об барои бо суръат ноилшавӣ ба ҳадафҳои марбут ба тағйирёбии иқлим мавриди муҳокима қарор доданд.

Аксарият саҳми Тоҷикистонро дар татбиқи Даҳсола мусбат арзёбӣ намуда, ба тезонидани амалҳои ҳамгироёна дар ҳалли масоили захираҳои обу иқлим даъват карданд.

АКС: ВКХ ҶТ

Сентябрь 26, 2019 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон