Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Прокуратураи ноҳияи Мӯъминободро мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 10, 2019 08:35

ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Мӯъминобод бинои наву замонавии Прокуратураи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бино аз 3 ошёна иборат буда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 35 нафар коргари маҳаллӣ сифатан хуб ба анҷом расонида шудаанд.

Дар бинои хуштарҳу замонавии Прокуратураи ноҳияи Мӯъминобод 10 утоқи корӣ, як маҷлисгоҳ ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот баҳои арзанда дода, онро туҳфаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони прокуратура тақозо карданд, ки ба волоияти қонун арҷ гузошта, вазифаҳои хизматии хешро содиқонаву софдилона дар назди халқу Ватан анҷом диҳанд.

Ифтитоҳи бинои Прокуратураи ноҳияи Муъминобод 10.09.2019

Сентябрь 10, 2019 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон