Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгардро дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 12.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллиро, ки деҳаҳои Боғпарвар ва Баҳорро ба ҳам мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дарозии роҳи мазкур 4 километр ва паҳноиаш 5 метрро ташкил дода, он дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов таъмиру навсозӣ гардидааст.
Барои анҷоми корҳои тахту ҳамворкунӣ, мустаҳкамкунии қабати роҳ ва асфалтпӯшкунӣ техникаву механизми роҳсозии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Данғара истифода шуда, сохтмончиён ба сифати масолеҳ ва иҷрои корҳои таъмирӣ аҳамияти махсус зоҳир намудаанд.
Сокинони маҳаллӣ, хосса ронандаҳо иброз медоранд, ки то ин вақт ҳаракат тавассути роҳи мазкур душвор сурат мегирифт ва дар заминаи асфалтпӯш гардидани он мушкили чандинсолаи онҳо осон шуд.
Иқдоми пешанамудаи соҳибкори маҳаллӣ, яъне таъмири пурра гардидани роҳи мошингарди деҳаҳои Боғпарвар ва Баҳор ҳамчунин дар амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ замина гузошт. Корҳои таъмирӣ дар ин масир се моҳро фаро гирифта, дар ин давра қариб 30 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Роҳ дар доираи талаботи меъёрҳои муқарраргардида таъмир шудааст ва бо аломатҳои танзимкунандаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин мебошад.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара беш аз 110 километр роҳ навсозӣ гардида, дар зиёда аз 20 километр роҳи дигар корҳои таъмирӣ бо маром идома доранд.
Давоми 2 соли оянда аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов дар деҳаҳои деҳоти Пушинги ноҳия таъмиру навсозии боз 5,5 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешанамудаи соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин ҳисобиданд ва ба дастандаркорон барои анҷоми чунин кори хайру савоб, инчунин саҳм гузоштан дар ободии мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






