Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод майдончаи варзиширо мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 10, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон инчунин майдончаи варзишиеро, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ- 28- умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар масоҳати умумии 1025 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд карда шудааст. Инчунин дар шафати майдончаи варзишӣ барои машқу тамрин ва обу тоби бадан беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Майдончаи варзишӣ бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дар он қариб 15 адад чароғҳои хурду бузурги равшанидиҳӣ насб карда шудаанд. Илова бар ин, барои зебогии атрофи иншоот 30 ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан ва 2500 бех гулҳои зебои мавсимӣ шинонида шудаанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити иншооти мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои наврасону ҷавонони ноҳияи Муъминобод дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Муъминобод даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.

Қобили тазаккур аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагиии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод корҳои созандагиву ободонӣ босуръат идома дошта, то соли 2021 дар ҳудуди шаҳрак ва ҷамоатҳои ноҳия бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз даҳҳо чунин иншооти муосири варзишӣ  ба истифода дода хоҳанд шуд.

Ифтитоҳи Майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Муъминобод 10.09.2019

Сентябрь 10, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон