Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА чор зина боло рафт

Сентябрь 19, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 19.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19  сентябр Федератсияи байналмилалии футбол  рӯйхат ё раддабандии нави  дастаҳои мунтахабро нашр намуд. Дар ин раддабандӣ  дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон якбора чор зина боло рафта, дар мақоми 115-ум қарор гирифт. Дар ин бора   шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи хабари манбаъ, ҳоло  дастаи мунтахаби   Тоҷикистон бо касби 1174 хол дар зинаи 115-ум ва дар рейтинги байни  дастаҳои мунтахаби  аъзои АФКО давлати мо дар зинаи 22-юм қарор дорад. Дастаи миллии Белгия бо касби 1752 хол садрнишини ҷадвал мебошад. Дар зинаи дуюм дастаи  мунтахаби   Франсия бо 1725 имтиёз ва дар ҷойи сеюм Бразилия бо касби 1719 хол ҷойгир шудаанд.

  1. Белгия (1752 хол)
  2. Франсия (1725)
  3. Бразилия (1719)
  4. Англия (1662)
  5. Португалия (1643)
  6. Уругвай (1639)
  7. Испания (1631)
  8. Хорватия (1625)
  9. Колумбия (1622)
  10. Аргентина (1614).

…

  1. Тоҷикистон (1174).
Сентябрь 19, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад