Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ятимон ва маъюбон дар ноҳияи Файзобод туҳфаҳо тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод бо як гурӯҳ ятимони кулл ва маъюбони ноҳия мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст наврасону ҷавонони бо амри тақдир аз падару модар маҳрумгаштаро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои олии давлатдорӣ ва ободу зебо кардани ин сарзамин ҳидоят намуданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 32 нафар ятими кулл аз 9 ҷамоати ноҳияи Файзобод туҳфаҳои идона тақдим намуданд. Ин иқдоми башардӯстонаи Сарвари ғамхору дилсӯзи миллат сабаби шодиву хурсандии наврасон гардид.
Инчунин дар вазъияти тантанавӣ ба ду нафар маъюб аз оилаҳои камбизоат калиди хона супорида шуд. Хонаҳои истиқоматӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки ноҳияи Файзобод сохта шуда, аз ду ҳуҷра иборатанд ва дорои беҳтарин шароити зиндагӣ мебошанд.
Дар ҳузури Сарвари давлат ҳамчунин ақди никоҳи як ҷуфт ҷавон, ки як нафараш ятими кулл мебошад, ба расмият дароварда шуд. Дар вазъияти тантанавӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони хушбахт шаҳодатномаи ақди никоҳро тақдим намуда, ба онҳо зиндагии хушу пурсаодат орзу карданд.
Дар охир Пешвои муаззами миллат аз ятимону маъюбон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат таҳсил намоянд, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд. Дар тӯли 28 соли Истиқлолияти давлатӣ ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор доранд ва барои беҳдошти зиндагии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
Дар ин рӯз ҳамчунин аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 300 оилаи ноҳияи Файзобод кумаки моддӣ расонида шуд.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






