Ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ дар шаҳри Турсунзода 1 миллиарду 784,7 миллион сомониро ташкил медиҳад
ТУРСУНЗОДА, 22.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ 1 миллиарду 784,7 миллион сомониро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 191,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ин давра соҳаи саноат – 23,5 фоиз, кишоварзӣ – 3,4 фоиз, савдо – 9,7 фоиз, соҳаи хизматрасонии пулакӣ – 10,3 фоиз ва сохтмон 1,2 фоиз афзоиш ёфт.
Инчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 621 миллиону 229,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 118 миллиону 281,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ба андешаи масъулини шаҳри Турсунзода, афзоиш ёфтани ҳаҷми мол, кор ва хизматрасонии истеҳсолшуда барои рушди соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла ба афзоиши қисми даромади буҷет заминаи асосӣ гузошт.
Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастгирии аҳолӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи филиалҳои бонкҳо дар шаҳри Турсунзода ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба маблағи умумии 162,1 миллион сомонӣ қарзҳо ҷудо карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 миллиону 31 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва қарори раиси шаҳри Турсунзода ба тасвиб расид.
Дар шаҳри Турсунзода 1 ширкати сайёҳӣ фаъолият намуда, харитаи сайёҳӣ ва ҳунармандии шаҳр мавриди таҳия қарор дорад. Соли равон ба шаҳр зиёда аз 6983 нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ташриф оварданд, ки ин ба рушди иқтисодии шаҳр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таъсири мусбат расонид.








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






