Дар Душанбе бо варзишгарон ва ҷавонони фаъол мулоқот сурат гирифт

Октябрь 28, 2019 11:15

ДУШАНБЕ, 28.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Душанбе ҷиҳати саҳм гузоштан дар пешгирии ҷинояткорӣ дар  пойтахт бо варзишгарон ва ҷавонони фаъол мулоқот баргузор гардид. Дар  мулоқот  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода  ва масъулини бахшу хадамоти дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон манфиатдори ноҳияҳои пойтахт ширкат намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, ҷамъомадро   муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки  давлату Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаи ҷавонон ҳамчун ояндасозони миллат  эътимоди қавӣ доранд.

М.Муинӣ  таъкид намуд, ки дар мамлакат баҳри пешрафти маънавию ҷисмонии ҷавонон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, ки ифтитоҳи даҳҳо адад маҷмааҳои  муосири  варзишӣ ва  бунёди  майдончаҳои бозӣ барои кӯдакону наврасон   давоми ду соли охир дар ҳудуди пойтахт  намунае аз ин ғамхориву дастгириҳо  нисбат ба ин қишри ҷомеа маҳсуб мешавад.

«Пешрафту суботи ҷомеа аз неруи созандаи ҷавонони саодатманди мамлакат вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, ҳар яки шуморо ба дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ — Тоҷикистони азиз, арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи он  ва бо рафтору гуфтори намунавӣ собит сохтани  муҳаббати худ  ба Ватан  даъват менамоям»,- афзуд муовини раиси шаҳри Душанбе.

Сипас роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт Шариф Назарзода бо пешниҳоди слайд-тасвирҳо аз пешрафту тараққиёти шаҳр, дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ёдоварӣ намуд. «Имрӯз барои ба таълиму тарбия, донишомӯзӣ, фароғат ва варзиш фаро гирифтани ҷавонони пойтахт бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳр  муассисаҳои варзишӣ, майдончаҳо ва тамрингоҳҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, марказҳои забономӯзӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомузӣ кушода шудаанд, ки фаъолияти онҳо барои кулли ҷомеа дастрас мебошад»,- таъкид  намуд номбурда.

Ш.Назарзода аз суханронии Пешвои миллат чунин иқтибос овард:  «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд». Ҳамзамон таъкид намуд, ки  ҷавонон бояд  ба ин боварии Сарвари давлат бо амалҳои созанда ҷавоб гардонанд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки  новобаста аз дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, мутаассифона, ҳанӯз ҳам омилҳои халалдоркунандаи тартиботу амнияти ҷамъиятӣ аз ҷониби онҳо  нигаронкунанда боқӣ мемонанд.

Аз ҷониби масъулин  вазъи ҷиноятсодиркунии ҷавонони  мамлакат  дар муқоиса бо ҷавонони пойтахт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар ин робита зикр гардид, ки  новобаста аз тадбирҳои андешидаи мақомоти милитсияи пойтахт дар самти пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, вазъияти мазкур  беҳбудиро талаб дошта, фаъолияти муштарак ва ҳамоҳангсозии ҳамаи қувваю воситаҳои мақомоти идоракунии давлатиро тақозо менамояд.

Ёдовар бояд шуд, ки аз 13 октябр то  инҷониб аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткории ноболиғону ҷавонон, бахусус муноқишаҳои гурӯҳии бо истифода аз силоҳи сард ва предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда амалиёти пешгирикунанда бо номи шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт  роҳандозӣ гардид.

Дар доираи баргузории амалиёти мазкур  аз наврасону ҷавонони шаҳр  танҳо аз  13 то 20 октябри соли  равон,  дар умум 23 адад кордҳои гуногун, электрошокер, кастет ва дастчӯби оҳанин мусодира карда шуданд.

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамчунин тамоми самтҳои фаъолияти ҷавононро таҳлилу баррасӣ намуда, аз   иштирокдорон даъват  ба амал овард, ки бо истифода аз нуфузу эътиборе, ки дар байни ҷомеа пайдо  намудаанд, ҷиҳати пешгирии ин қабил амалу кирдорҳои ношоям дар маҳалҳо саҳмгузор бошанд.

Дар фарҷоми мулоқот  варзишгарон ва як зумра ҷавонони фаъоли пойтахт низ сухан гуфта, иброз доштанд, ки пайваста барои нигоҳ доштани сулҳу суботи  мамлакат  ва ҳамзамон ҷиҳати муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош меварзанд.

Зикр гардид, ки ҷавонони бонангу номуси тоҷик бо донишу малакаи баланди тахассусӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастию  ифтихори миллӣ дар баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ саъю талош намуда, дар пос доштани неъматҳои бебаҳои он — Истиқлолият, сулҳу ваҳдати миллӣ   ва арзишҳои фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик саҳми назаррас мегузоранд.

Октябрь 28, 2019 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад