«Дар минтақаи саноатии Душанбе сохтмони 12 корхона идома дорад»,- бардошт аз конференсияи машваратӣ-назариявӣ дар пойтахт

Октябрь 8, 2019 14:27

ДУШАНБЕ, 08.10.2019./АМИТ«Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ — ширкатҳои «Тоҷтекс» ва «Гарди» сохтмони  2 фабрикаи дӯзандагии муҷаҳҳаз бо технологияҳои навтарин идома дошта, баъди ба кор шурӯъ намудани онҳо  600 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Ҳамчунин дар пойтахт бунёди як зумра корхонаҳои истеҳсолӣ аз тариқи «Борчасп ва борҷома» бо маблағи 15 миллион сомонӣ амалӣ шуда, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикани  «Сиёма»  ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе сохтмони 12 адад корхонаҳои саноатӣ идома дорад, ки коргоҳи  истеҳсолии  «Қолинҳои Душанбе» яке аз онҳо мебошад.

Ин матлаб имрӯз зимни конференсияи машваратӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Рушди соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ», ки  бо  ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар  Муассисаи  давлатии «Душанбе-Плаза»  доир шуд, баён гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, конференсияи мазкур дар доираи  «300 рӯзи ислоҳот оид ба  дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соли 2019» доир гардида,   дар кори он  масъулини  сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,  намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону тоҷирон, коршиносону мутахассисони соҳа ва дигар сохторҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ иштирок намуданд.

Нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода  паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокдорони   конференсия  расонид.

У. Гуреззода зикр кард, ки конференсияи мазкур бо супориши махсуси Раиси шаҳри Душанбе доир гардида, ҳадафи асосии он дастгирии ҳамаҷониба, рушди соҳибкорӣ, дар ин замина беҳтар намудани фазо ва ҷалби сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе  мебошад.

«Тавре  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иброз доштанд, «рушди соҳибкорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти он вазифаи аввалиндараҷаи  Ҳукумати мамлакат аст, зеро соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад», — иброз  дошт муовини Раиси шаҳр.

Дар ин замина, У.Гуреззода баён дошт, ки ҷиҳати дастгирии таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратии соҳибкорон сохтори  шаҳрии «Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» таъсис дода шудааст. Ҳамчунин гуфта шуд, ки Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе  бо мақсади татбиқи самтҳои асосии соҳа, аз ҷумла, ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ҳамеша омода аст, ки бо мақсади рушди соҳа бо соҳибкорони пойтахт ҳамкории  судманд ба роҳ монад.

Номбурда инчунин таъкид намуд, ки  конференсияи мазкур  барои  рафъи камбудиҳое, ки барои рушди соҳибкорӣ дар пойтахт монеа пеш меоранд,  мусоидат хоҳад кард.

Сипас дар конференсия  оид ба паҳлӯҳои алоҳидаи татбиқи амалии «300 рӯзи ислоҳот оид ба  дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соли 2019» масъулини дастгоҳи Раиси шаҳр, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати андози шаҳри Душанбе, Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Душанбе, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо — «Тоҷикстандарт» ва ғайра маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.

Нотиқон, аз ҷумла иброз доштанд, ки  дар пойтахт  11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо арзиши   548, 2 млн. доллари ИМА амалӣ мешаванд, ки аз аввали татбиқ то инҷониб 358, 5 миллион  доллари он аз худ карда шудааст. Ба ҳолати 1 сентябр   дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии воридоти сармоя зиёда аз 230 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз он сармоягузории хориҷӣ қариб 94 миллион доллар  мебошад. Соли  равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 32 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, ба иқтисодиёти шаҳр тақрибан 94 миллион доллари ИМА маблағ ворид намудаанд.

Дар конференсия  маълумот дода шуд, ки  соли равон  ба соҳибкорони шаҳри Душанбе аз ҷониби бонкҳои  мамлакат  ва ташкилотҳои қарздиҳӣ 1 526 443,3 сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нишондод 25 дар сади ҳаҷми умумии қарзҳои дар миқёси ҷумҳурӣ ҷудошударо ташкил медиҳад.

Дар асоси маълумоти феҳристи ягонаи давлатӣ,  дар нуҳ моҳи соли равон  дар пойтахт шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба 42210 адад расидааст.

Дар фарҷоми конференсия соҳибкорони пойтахт оид ба мушкилоти дар фаъолияташон ҷойдошта ба роҳбарони сохторҳои дахлдор суол дода, ба онҳо  ҷавобҳои қаноатбахш   гирифтанд.

Соҳибкорони пойтахт ба Раиси шаҳри Душанбе барои роҳандозии чунин иқдоми наҷиб изҳори миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки чунин нишастҳо ба манфиати ҳарду ҷониб буда, барои тавлиди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд.

                Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 8, 2019 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст