Дар шаҳри Пенза Форуми фарҳангии ҷавонон таҳти унвони «Сарҳади забони ман – сарҳади кайҳони ман» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 22.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 октябр то 1 ноябр дар Донишгоҳи аграрии шаҳри Пензаи Федератсияи Россия Форуми фарҳангии ҷавонон таҳти унвони «Сарҳади забони ман – сарҳади кайҳони ман» доир мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Тоҷикистонро дар Форуми мазкур Намояндагии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар вилояти Пенза муаррифӣ менамояд.
Форуми фарҳангии ҷавонон бо дастгирии Агентии Федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия роҳандозӣ шуда, дар он иштирок ва суханронии ректори Донишгоҳи аграрии шаҳри Пенза Олег Николаевич Кухарев ва муовини раиси вилояти Пенза Олег Василевич Ягов дар назар аст.
Бино ба иттилои роҳбари Намояндагии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар вилояти Пензаи Федератсияи Россия Муҳаммадсанҷар Раҳимов, мақсад аз баргузории Форуми фарҳангии ҷавонон таҳти унвони «Сарҳади забони ман – сарҳади кайҳони ман»- ин фароҳам овардани шароити мусоид барои гуфтугӯи фарҳангҳо ва ташаккули фарҳанги забонҳои гуногуни олам миёни ҷавонон мебошад.
Ҳамчунин дар кори Форум олимон, коршиносон, адибон ва нависандагон аз шаҳрҳои Қазон, Москва, Пенза ва дигар шаҳру вилоятҳои Россия иштирок мекунанд.
Бахши инноватсионӣ – маърӯзаи мутахассисон ва олимони ҷавон доир ба забон, гуфтугӯи фарҳангҳо ва динҳо, бахши эҷодиёт таҳти номи «Фазои эҷодӣ» бо ташкили озмуни иншо дар мавзӯи «Чаро омӯзиши забонҳои хориҷӣ муҳим аст?», шиносоӣ бо фарҳанги кишварҳои гуногун, конференсияи илмӣ таҳти унвони «Офтоби тирамоҳӣ» бахшида 205-солагии М.Ю. Лермонтов, озмуни қироати шеър, платформаи санъати «Art-Fest» ва баргузории семинарҳо аз қисматҳои муҳими Форум мебошанд.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






