Пагоҳ дар Душанбе Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ баргузор мегардад

Октябрь 25, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 22.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 октябр, дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фестивал- намоиши шолӣ ва биринҷ баргузор мегардад.

Дар ин бора котиби матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.  Дар фестивали мазкур навъҳои гуногуни шолӣ ва биринҷ аз тамоми гӯшаву канори малакат ба намоиш гузошта мешаванд.

Ҳамчунин дар ин фестивал-намоиш кишоварзоне, ки ба тухмипарварӣ машғул буда, хоҷагиҳои кишоварзиро бо навъҳои гуногуни ғалладона таъмин мекунанд, иштирок меварзанд.

Инчунин намоиши таомҳои миллии аз биринҷ омодагашта, хони миллӣ, гӯшаи анъанаҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад.

Зимни фестивал-намоиши шолӣ навъҳои гуногуни биринҷ бо нархи арзон ба сокинони пойтахт манзур карда мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки шолӣ зироати намӣ ва гармидӯст мебошад. Аз ин рӯ бештар дар кишварҳои сербориш ва гарми тропикиву субтропикӣ парвариш меёбад. Пайдоиш ва ватани шолии имрӯза ба ақидаи олимони бостоншинос Чин ва нимҷазираи Ҳинд мебошад.

Дар ҷаҳон биринҷ муҳимтарин зироат баъд аз гандум маҳсуб шуда, яке аз манбаъҳои ғизоӣ барои беш аз сеяки ҷамъияти ҷаҳон аст. Беш аз 91% биринҷи ҷаҳон дар қораи Осиё (маҳалли зисти 60%-и ҷамъияти дунё) тавлид ва масраф мешавад.

Ҳамасола дар ҷаҳон дар сатҳи  160  млн гектар биринҷ кишт мешавад. Ва аз ин сатҳи кишт 580 млн тонна шолӣ маҳсул гирифта мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ҳудуди 21 ҳазор гектар кишти асосӣ ва 9,5 ҳазор гектар кишти такрории шолӣ гузаронида мешавад.

Истеъмоли солонаи биринҷ дар як сол ба як нафар дар Тоҷикистон аз 12 то 17 кг рост меояд.

Таоми дӯстдоштатарини мардуми мо аз биринҷ — ин оши палав аст.

Октябрь 25, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад