Сайёҳи хориҷӣ Хавйер Лебритон, ки дар ҳудуди ноҳияи Рашт гум шуда буд, дарёфт гардид
ДУШАНБЕ, 28.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо кумаки кормандони Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳи хориҷӣ Хавйер Лебритон, ки дар ҳудуди ноҳияи Рашт гум шуда буд, ёфта шуд. Ӯро барои ташхис ба беморхонаи шаҳраки Ғарм интиқол доданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, шаби 25 октябр, соати 02:45, ба телефони фаврии шуъбаи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати мазкур аз иёлати Техаси Иёлоти Муттаҳидаи Америка занг зада, хабар доданд, ки сайёҳи хориҷӣ Хавйер Лебритон гум шудааст. Баъд аз гирифтани ин хабар кормандони милитсияи сайёҳӣ фавран дар ҳудуди ноҳияи Рашт ба ҷустуҷӯи ин сайёҳи хориҷӣ шурӯъ карда, ӯро дарёфт намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бори аввал нест, ки аз ҷониби кормандони милитсияи сайёҳӣ ба сайёҳони хориҷӣ кумаки фаврӣ расонида мешавад. Аз ҷониби онҳо дар ВМКБ ба як нафар сайёҳи амрикоӣ, ки дар сарҳади Ишкошим бе раводид монда буд, кумак расонида шуд. Онҳо барои ин сайёҳи хориҷӣ раводиди электронӣ дастрас карда, ӯро ба шаҳри Душанбе интиқол доданд.
Кормандони милитсияи сайёҳӣ ҳамчунин дар гузаргоҳи сарҳадии Қулмаи ноҳияи Мурғоб ба ду нафар сайёҳи хориҷӣ, ки шаҳрвандони Франсия буда, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин хориҷ (депорт) шуда буданд, ёрии амалӣ расониданд. Бо мусоидати кормандони милитсия ба сайёҳони номбурда раводиди электронӣ дастрас гардид.










Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






