ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, сешанбе, 274-умин рӯзи соли 2019 аст

Октябрь 1, 2019 08:00

1 октябри соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

***

10 сол пеш, 1 октябри соли 2009 дар шаҳри Норак Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди «Чормағзак» — ро расман ифтитоҳ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Парлумони Тоҷикистон Созишномаи Тоҷикистону Россия дар бораи будубоши пойгоҳи ҳарбии 201-и Россия дар Тоҷикистонро  тасдиқ намуд.

1 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии пиронсолон.

***

Рӯзи байналмилалии меъморӣ.

***

Рӯзи байналмилалии нафароне, ки аз маҳсулоти гӯштӣ парҳез мекунанд.

***

Дар Ӯзбекистон — Рӯзи омӯзгорон

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура.

 РӮЙДОДҲО:

1 октябри соли 2015 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 млн 486 ҳазору 300 нафар расид.

***

1 октябри соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол бо касби 156 хол мақоми 160-умро ишғол намуд.

***

3 сол пеш, 1 октябри соли 2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки  варзишгари тоҷик Ҳамроз Раҷабов дар рейтинги ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии самбо мақоми дуюмро касб намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1843 бори нахуст рӯзномаи маъруфи Британияи Кабир «The News of the World» ба нашр расид.

***

128 сол муқаддам, 1 октябри соли 1891 дар Франсия клуби футболи «Бордо» ташкил ёфт.

***

1 октябри соли 2001 суди болоии ИМА муваққатан Бил Клинтон (собиқ президенти ИМА)-ро аз машғул шудан ба корҳои юридикӣ манъ намуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи  байналмилалӣ  оид ба содагардонӣ  ва ҳамоҳангсозии  расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав) ҳамроҳ гардид.

***

Соли 1869 дар Вена бори аввал дар ҷаҳон руқъаи почтавӣ бо тамға нашр гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Октябрь 1, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш