ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, ҷумъа, 291-умин рӯзи соли 2019 аст
18 октябри соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба истиқболи солгарди 90-уми таъсиси шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
***
4 сол пеш, 18 октябри соли 2015 дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхони Туғралро ифтитоҳ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати созанда баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро мавриди истифода қарор доданд.
18 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар Озарбойҷон.
***
Дар ИМА- рӯзи Аляска.
РӮЙДОДҲО:
18 октябри соли 2011 Тоҷикистон, Россия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон ва Молдова Шартнома оид ба савдои озод дар ИДМ-ро ба имзо расониданд.
***
2 сол пеш, 18 октябри соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Темур Зулфиқоров, адиби русзабони Тоҷикистон барои асари нави «Қиссаҳои тиллоии ишқ» дар Россия барандаи ҷоизаи Бунин гардид.
***
18 октябри соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бурунди баргузор гардид
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе ҷаласаи дуюми гурӯҳи машваратии коршиносони маҳаллӣ оид ба пешгирии терроризму эктремизм баргузор гардид.
***
97 сол қабл, 18 октябри соли 1922 Иттиҳодияи радиошунавонии британиягӣ- «ВВС» таъсис ёфт.
***
18 октябри соли 1968 дар Бозиҳои олимпӣ дар Мехико аз ҷониби Боб Бимон оид ба ҷаҳидан ба дарозии 8,90 м рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2007 дар Покистон бузургтарин таркиш дар таърихи ин кишвар ба амал омад: мошинҳои ҳамроҳикунандаи Беназир Бҳутто тарконида шуданд, ки бар асари он беш аз 130 нафар қурбон гардид.
***
18 октябри соли 1993 Латвия асъори нави худ – латро ҷорӣ намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1906 дар Россия қарор дар бораи баробарии деҳқонон бо дигар қишрҳои ҷомеа бароварда шуд, ки акнун онҳо ҳуқуқ ба интихоби озодонаи макони зисти худро пайдо намуданд. Ҳамчунин нисбат ба онҳо раво дидани ҷазоҳои ҷисмонӣ аз рӯйи ҳукми судҳо манъ карда шуд.
***
Соли 1991 охирин ҷаласаи Президиуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад