ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, чоршанбе, 275-умин рӯзи соли 2019 аст

Октябрь 2, 2019 08:00

2 октябри соли 2012 маҷаллаи бонуфузи аврупоӣ «Diplomatic World» (Ҷаҳони дипломатия, ш.Брюссел) (№ 36) дар ҳаҷми 5 саҳифа таҳти унвони «Меъмори сулҳ» мақола нашр намуд, ки оид ба ҳаёту фаъолияти Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақл мекард.

***

6 сол пеш, 2 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федералии Германия Михаэл Глос масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳёи фаъолияти корхонаи «Тоҷиксемент» иштирок ва суханронӣ намуданд.

2 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии бидуни хушунат.

***

Ганди Ҷаянти —  зодрӯзи Маҳатма Ганди.

РӮЙДОДҲО:

2 октябри соли 1932  дар шаҳри Хуҷанд калонтарин (дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) комбинати шоҳибофӣ ба фаъолият оғоз намуд.

***

2 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Америка баррасӣ шуд.

***

5 сол пеш, 2 октябри соли 2014 ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии савдо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

2 октябри соли 2005 Италия бори нахуст рӯзи бибиҳо ва бобоҳоро ҷашн гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 1936 дар ИМА истеҳсоли нӯшокии  спиртӣ пас аз манъ кардан  дубора роҳандозӣ шуд.

***

2 октябри соли 2002 дар Япония бори аввал дар ҷаҳон робот-инкассатор ба фурӯш бароварда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ китоби «Назаре ба зиндагонии Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа ибни-Нуъмон» — и  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба нашр расид.

***

Соли 1987 дар Шабакаи аввали телевизиони марказии Россия барномаи нахустини «Взгляд»  ба эфир баромад.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Октябрь 2, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 январ, ҷумъа, 3-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 январ, панҷшанбе, 2-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 январ, чоршанбе, 1-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 декабр, сешанбе, 366-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 декабр, душанбе, 365-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, якшанбе, 364-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст