ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, чоршанбе, 303 — юмин рӯзи соли 2019 аст
30 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ сафар карда, мактаби замонавии онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
5 сол пеш, 30 октябри соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муовини вақти вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Хунвейро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рўзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои ширкат дар ҳамоиши навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфтанд.
30 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи меҳнат дар Зеландияи Нав
РӮЙДОДҲО:
30 октябри соли 2015 масоили гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Россия баррасӣ шуданд.
***
30 октябри соли 1908 Россия соҳиби аввалин медали тиллои олимпӣ гардид.
***
Як аср муқаддам, 30 октябри соли 1918 Осорхонаи мардумони Шарқ таъсис дода шуд.
***
30 октябри соли 1943 дар Москва дар натиҷаи баргузории конфронс миёни Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА, Англия ва Чин оид ба таъсиси СММ шартнома ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 1959 дар натиҷаи пай дар пай ба амал омадани заминҷунбӣ ва тӯфон дар Мексика 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.
***
30 октябри соли 1974 дар Лондон китоби Чарл Чаплин «Зиндагии ман дар филм» ба нашр расид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Клуби сиёсатшиносони ҷавони Авруосиё баргузор гардид.
***
Соли 1995 америкоиҳо нахустин маротиба ҳайати иборат аз 8 нафарро ба кайҳон фиристоданд.