ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, ҷумъа, 277-умин рӯзи соли 2019 аст
4 октябри соли 2013 дар ҷаласаи 11–уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, раиси он Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
***
5 сол пеш, 4 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд.
***
4 октябри соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Дӯстӣ»-и шаҳри Кӯлоб маркази замонавии хизматрасонии «Роҳи абрешим»-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
4 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии олами ҳайвонот.
***
Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон.
***
Рӯзи байналмилалии манзил.
***
Дар Россия рӯзи мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
***
Дар Белгия рӯзи соҳибистиқлолӣ.
РӮЙДОДҲО:
4 октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуданд.
***
4 октябри соли 2013 дар пойтахти Қирғизистон- шаҳри Бишкек Форуми 7-уми ҳамкории Федератсияи Россия ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1999 дар ИМА Маркази идора ва зери назорат гирифтани ҷинояткорӣ дар Шабакаи интернетӣ ташкил ёфт.
***
4 октябри соли 1675 физики ҳолландӣ Христиан Гюйгенс барои соатҳои кисагӣ шаҳодатномаи тасдиқкунандаи ҳуқуқи ихтироъкорӣ гирифт.
***
28 сол муқаддам, 4 октябри соли 1991 сарони давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ба истиснои кишварҳои назди Балтика шартномаи ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1957 дар СССР радифи маснӯи Замин сар дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1992 дар Амстердам пас аз 15 дақиқаи парвоз ҳавопаймои Исроил ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа 43 нафар ҷони худро аз даст доданд.
***
Соли 2000 рӯйхати кишварҳои «мобилӣ» нашр шуд. Финландия бо доштани 76 %-и обунашавандаҳо ба хизматрасонии алоқаи бесим (бо назардошти шумораи аҳолии кишвар) дар ин феҳрист мақоми аввалро касб намуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад