ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, якшанбе, 279-умин рӯзи соли 2019 аст
6 октябри соли 2015 дар шаҳри Сочӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин масоили ҳамкории дуҷонибаи ду мамлакатро баррасӣ намуданд.
***
17 сол қабл, 6 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе Форуми байналхалқии Фонди ҳифзи Арал доир гардида, дар хотимаи он Эъломия қабул шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ гардиданд.
6 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист.
***
Дар Туркманистон рӯзи гиромидошт.
***
Дар Миср рӯзи артиш.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии ханда (лабханд).
РӮЙДОДҲО:
6 октябри соли 2016 дар Маркази таърихӣ — фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Фестивали «Оши палов» доир гардид.
***
87 сол муқаддам, 6 октябри соли 1932 фабрикаи шоҳибофии Душанбе, ҳоло комбинати шоҳибофӣ ба кор оғоз намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1966 дар Беларус Ҳафтаи адабиёти тоҷик кушода шуд.
***
6 октябри соли 1920 Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро ташкил ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 1948 дар Ашқобод заминҷунбӣ бо шиддати 9 балл рух дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2018 дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ҷаласаи аввалини якҷояи вазирони корҳои дохилии давлатҳои Осиёи миёна баргузор гардид.
***
Соли 1866 дар таърихи ИМА бори аввал дар қатора дуздӣ сурат гирифт, ки дар он бародарон Рено беш аз 10 ҳазор долларро рабуданд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.