БЕМАСЪУЛИЯТӢ ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС БАРОБАР БА ҶИНОЯТ АСТ! Ва ё зиёдтар машғул шудани волидайн ба «Вайбер» ва «Имо» дар муқоиса бо тарбияи фарзанди мактабхон

Ноябрь 18, 2019 12:30

ДУШАНБЕ, 18.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Боиси таассуф ва нигаронӣ он аст, ки ҷинояткории ноболиғон ба яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеаи мо  табдил ёфтааст.  Хабарнигори АМИТ «Ховар»  ин мавзӯъро мавриди таҳлил қарор дода, андешаи  чанд нафар аз омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанберо   пешниҳоди хонандагон менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,   Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  10 ноябри соли 2018  дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсия, ки дар шаҳри Душанбе доир гардида буд, чунин иброз доштанд: «Солҳои охир содир кардани ҷиноятҳои авбошии ашаддӣ, яъне бо истифода аз корд ва олоти дигар бештар ба мушоҳида расида, задухӯрдҳои гурӯҳии байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва наврасону ҷавонон боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидаанд. Агар  соли 2017 аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 690 ҷиноят содир гардида бошад, дар 9 моҳи соли 2018, аллакай, аз ҷониби онҳо 734 ҷиноят содир шудааст».

Пешвои миллат зимни ин суханронӣ бо изҳори нигаронӣ иброз доштанд, ки “дар ҷараёни тафтиши чунин парвандаҳо мақомоти тафтишот на ҳамаи иштирокчиёни ҷиноятро муайян ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд, ки ин ҳолат боиси аз ҷавобгарӣ дур мондани ҷинояткорон ва аз нав ба ҷиноятҳои вазнин даст задани онҳо мегардад. Боиси нигаронист, ки бо вуҷуди барои наврасону ҷавонон фароҳам овардани тамоми шароиту имкониятҳои муосир ҷиҳати таҳсил, истироҳату фароғат, ҳунар омӯхтану ба варзиш машғул шудан содиршавии ҷиноят ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб аз тарафи онҳо ҳоло ҳам идома дорад».

Аввали моҳи октябр Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои баргузории амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахтро  нишон дода,  аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки новобаста аз баргузории чорабиниҳои профилактикӣ, огоҳ кардани ҷавонону ноболиғон аз паёмадҳои вазнини муноқиша ва авбошиҳои бо истифода аз корду дигар ашёи халанда содиршаванда, ҳанӯз ҳам онҳо  ин  олотро бо худ мегардонанд.

Дар ин робита, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе   тавассути як  Муроҷиатнома аз тамоми падарону модарон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарон, масъулини муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори пойтахт  даъват ба амал овард, ки дар раванди пешгирии бо худ гардонидани корд ва дигар воситаҳои махсус аз ҷониби ноболиғону ҷавонон саҳми худро гузоранд.

Чаро  бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ масъалаи ҷинояткории ҷавонон ташвишовар боқӣ мемонад?

Ба андешаи  муаллимаи мактаби   №49-и пойтахт Моҳбону Хайриддинзода,    бо худ гирифта гаштани силоҳи сард, ба мисли корду симдастаю калтакчаҳо аз ҷониби як гурӯҳ наврасон, ки  дар амалиёти  «Корд» аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт   ошкор гардиданд, аз  коста будани тарбия ва  ҳадафҳои зиёновару  худсарона  доштани  онҳо  гувоҳӣ медиҳад. Ҷойи таассуф аст, ки рафтори ношоистаи ин наврасон боиси рух додани ҳодисаҳои нохуш гардида,  баъзан   бо ҳалокати онҳо  анҷом меёбад.

«Ҳолати мазкур ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Он махсусан мо-омӯзгоронро водор месозад, ки корҳои тарбиявиро байни хонандагон тақвият бахшем, онҳоро ба некандешиву хушрафторӣ ҳидоят намоем. Мо имкон дорем аз осори  пурҳикмати ниёгони худ, ки  имрӯз дар ташаккули маънавиёти  мардумони ҷаҳон нақш мегузоранд, фаровон истифода барем. Алоқаи мактаб ва омӯзгоронро  бо волидайн пурзӯр намоем. Роҳҳои нави пешгирии ин ҳолатро ҷустуҷӯ ва дарёфт намоем. Дар ин мавзӯъ бо иштироки коршиносон ҳамоишу нишастҳо барпо намоем, аз таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо дар ин самт истифода барем»,- илова намуд номбурда.

Ҷонишини директори мактаби №20-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  Р. Ҳамидҷонова  дар ин бора чунин  изҳори назар  кард: «Дар тарбияи насли наврас–созандагони фардои миллат бепарвоию бемасъулиятӣ кардан  баробар ба ҷиноят аст. Педагогҳои барҷаста ба такрор таъкид намудаанд, ки ҳар бадбахтӣ, мусибат ва нокомию шикаст паёмади тарбияи  нодуруст аст. Тавре  шоири соҳибхирад Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:

Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон нагирифт,

Агар ба чашмаи хуршед сар кашад, худрӯст.

Чаро сафи хонандагони душвортарбия меафзояд? Ба андешаи мо, ин ҷо омилҳои гуногун ҷой доранд. Пеш аз ҳама, ноқисиҳо дар тарбияи кӯдакон аз оғӯши оила  ибтидо мегиранд.  «Волидайн бештар банди ташвишҳои худ, масоили рӯзгордорӣ ва гирудори дигар гашта, ба кӯдакони худ, рафтору кирдори онҳо кам  таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва назорати кӯдаконро фаромӯш мекунанд. Гурӯҳи дигари волидайн тарбияи кӯдакро кори оянда – вазифаи махсуси мактабу омӯзгорон медонанд», — иброз дошт Р.Ҳамидҷонова.

Номбурда  таъкид намуд, ки волидайн бояд ҳамеша огоҳ бошанд, ки кӯдаконашон дар кӯча бо киҳо бозию суҳбат мекунанд, ба тамошои кадом филмҳою барномаҳои телевизионӣ рағбат доранд, сатҳи фаҳмишашон чӣ гуна аст?  Дар ин хусус маълумот доштан тарбияи кӯдаконро аз ҷониби онҳо осонтар месозад.

«Омӯзгорон дар «рост кардани ниҳоли қадшуда» душворӣ мекашанду тарбия ноқис мемонад ва хонандагони душвортарбия ба миён меоянд. Пурсамартарин роҳи пешгирии чунин ҳолати номатлуб ҳамкории мактабу оила аз давраи ҳанӯз ба дабистон қадам ниҳодани кӯдакон мебошад. Инро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ тақозо дорад, — афзуд Р.Ҳамидҷонова.

Омӯзгори  мактаби №51-и ноҳияи Фирдавсӣ Адиба Мусулмонова  дар ин маврид андеша дорад, ки  тарбияи насли наврас на танҳо масъулияти мактабу маориф, балки падару модарон низ  мебошад.

«Маҳз баҳри тарбияи насли наврас Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Аз қабули қонуни мазкур чанд  сол сипарӣ гардид ва мақсади он  пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар рӯҳияи ватандорӣ ба воя расонидани онҳо мебошад. Мутаассифона,  бо вуҷуди амалӣ гардидани чорабиниҳои зиёд дар ин самт мушоҳида мешавад, ки имрӯз наврасону ҷавононе низ ҳастанд, ки ба ҷойи иштирок дар дарсҳо ба баъзе корҳои беҳуда машғул мегарданд ва аз таълиму тарбия берун мемонанд»,-гуфт ӯ.

Падару модаронро зарур аст, ки фарзандонашонро тарбияи хуб намуда, онҳоро ба омӯзиши илму ҳунар  раҳнамоӣ намоянд.  Ҷавононро чунон бояд тарбия  кард, то ба қадри озодию Истиқлолият  ва сулҳу осоиштагии Тоҷикистон  бирасанд, дар пойдории сулҳу субот ва рушд намудани  сарзаминамон   пайваста  талош намоянд.

Мутафаккири барҷаста Муҳаммади Ғаззолӣ гуфтааст: «Фарзанд дар дасти падару модар амонат аст ва дили фарзанд нафису нақшпазир буда, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошад. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».

Воқеан ҳақ ба ҷониби ин донишманд аст.

«Дараҷаи донишандӯзии хонандаҳо аз маҳорату малакаи омӯзгор вобаста аст, ки то чӣ андоза шавқу рағбати онҳоро бедор кардаву ангехта метавонад. Вале ин, ба қавле, нисфи кор аст, ки дар мактаб сурат мегирад. Нисфи дигараш аз падару модарон вобаста аст, ки дар хона бо фарзандонашон то чӣ андоза машғул мешаванд. Мутаассифона, бояд гуфт, ки солҳои охир бисёре аз волидайн барои фарзандонашон ҳарчи камтар вақт пайдо мекунанд. Инро ман низ чун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ҷараёни таълими хонандаҳо пайваста мушоҳида мекунам. Аз тарзи ҷавоб додани мавзӯи супурда, навиштани дарси хонагӣ, ҳалли масъалаю аз ёд кардани шеър, тарзи либоспӯшӣ ва ғайра»,-мегӯяд ҳамсуҳбати дигари мо  — омӯзгори Литсейи инноватсионии «Душанбе» Л. Абдурашитова. 

Номбурда аз мушоҳидаҳояш  дар  раванди  фаъолияти тӯлонӣ дар ин соҳа мисолҳои зиёд оварда, аз ҷумла зикр кард, ки «талабаҳое, ки таҳсилашон таҳти назорати волидайнашон мебошаду дар хона якҷоя дарс тайёр мекунанд, дониши хуб доранд». Дар ҳақиқат имрӯз дар аксар хонавода волидайн барои худ ва фарзандон компютер, ноутбук, планшет харидаанд. Телефони мобилӣ ҳоҷати зикр ҳам надорад, зеро ҳоло хурду калон бе он як қадам ҳам намемонанд. Хуб аст доштани чунин техникаи ҳозиразамон, ки истифодааш ҷаҳонбинии талабаҳоро васеъ мекунад. Аммо компютербозӣ бояд танҳо баъди иҷрои вазифаҳои хонагияшон бошад. Ана ҳаминро волидайн сарфи назар мекунанд. Гузашта аз ин, падарон аз кор ки омаданд, сари компютер ё ноутбук мешинанд, модарон ҳам баъди фарҷоми ташвишҳои рӯзгор бо суҳбатҳои телефонӣ банд мешаванд, ба «Вайбер» ва «Имо» ворид шуда, гузашти вақтро фаромӯш мекунанд. Аз ҷумла, машғул шудан бо фарзандони мактабхонашонро. Ҳол он ки падар ё модар бегоҳ ё шаб агар ҳамагӣ як соат вақт ҷудо карда, аз мактабу хониши фарзанд пурсад, якҷоя дарс тайёр кунанд, он донише, ки талаба дар мактаб гирифт, мустаҳкам мешавад, аз чунин таваҷҷуҳу дастгирии волидайн рӯҳ гирифта, хубтар мехонад.

Вале, чуноне ки гуфтам, ба фарзандон кам аҳамият додани волидайн, ки дар хона вақташон беш аз пеш сарфи интернет мешавад, воқеияти рӯзгори имрӯзаи мост.

«Ба ҳеҷ ваҷҳ ман масъулияти таълиму тарбияи хонандаҳоро пурра бар дӯши падару модарон бор карданӣ нестам — мегӯяд муаллима. — Танҳо ба он хотир ин суханҳоро  мегӯям, ки мо як мақсади умумӣ дорем – парваридани дониши хубу ахлоқи ҳамида дар ниҳоди насли наврас. Ва дар ин кор бидуни «туву ман» мададгори ҳамдигар бояд бошем».

Коршиносон бар он назаранд, ки яке аз омилҳои ба роҳи рост ҳидоят намудани наврасон ба мутолиаи китоб ҷалб намудани онҳо мебошад.

Корманди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Сайфиддин Камолзода дар ин маврид чунин андеша дорад: «Имрӯз зарур аст, ки (ва ин бояд қарзи  виҷдонии волидайн маҳсуб ёбад) дар оилаҳо китобхона таъсис дода шавад. Ҳадди ақал китобхонаҳои оилавӣ аз 50 то 100 нусха китоби  бадеиро бояд фаро гиранд. Ҳақиқати маълум ин аст, ки фарзанд ба таври  доимӣ китобро дар пеши  чашми худ бинад, онро ҳатман варақ мезанад. Дар ин роҳ бояд ҳам  омӯзгорон ва ҳам  волидайн асарҳои  хонданиву пурмуҳтаво ва баландғояро ба хонандагон баҳри мутолиа тавсия диҳанд».

Ба андешаи мавсуф, омили  дигаре, ки ҷиҳати такомулу таҳаввули ҷаҳонбинии  шогирдон ва ба хондан таваҷҷуҳ кардани онҳо  такон мебахшад, ин китобхонаи  мактаб ва китобдор  ба шумор меравад. Тайи  солҳои  охир бо иқдом ва дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ нашри китобҳои  бадеӣ  ва ба муассисаҳои  таълимӣ  дастрас намудани ин осор зиёд шудаст, ки ба манфиати кор аст.

«Акнун ин китобҳоро бояд ба  хонандагон китобдори  заҳматпешаву дӯстдори касби  худ дар ҳамкорӣ бо омӯзгори забон ва адабиёти  тоҷик, роҳбарони синфҳо барои  мутолиа, тавсия ва пешниҳод карда, ҳангоми  баргардонидани  китобҳо маънию ғоя ва нуктаҳои  асосии  асарро аз хонандагон пурсида, қаноатмандӣ ҳосил намояд. Дар ҳар сурат, раванди  ба мутолиа фаро гирифтани  хонандагон дар бедории шуури  онҳо ва такмилу тавсеаи ҷаҳонбинияшон кумак хоҳад расонд»,-  таъкид намуд ӯ.

Дар асоси баҳои масъулини мақомоти милитсия, имрӯзҳо донишу маҳорат ва малакаи касбии кормандони ин ниҳоди қудратӣ басанда аст, ки аз уҳдаи кушодани  ҷиноятҳо бароянд. Аммо   масъалаи афзоиш, маҳбасшавии ҷавонон  ва доғдор гардидани номи онҳо мақомоти милитсияро ба ташвиш овардааст. Бинобар ин, иштироки фаъоли тамоми табақаҳои ҷомеа дар масъалаи пешгирии содиршавии ҷиноят ва зиёд шудани шумораи ҷинояткорон, махсусан аз ҳисоби наврасону ҷавонон, зарур дониста мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

 

 

Ноябрь 18, 2019 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд