Дар ноҳияи Восеъ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 61 миллион сомонӣ баробар шуд

Ноябрь 2, 2019 12:22

ДУШАНБЕ, 02.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Восеъ ба 61 миллиону 702,3 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6 млн. сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол гардидааст. Дар ин бора мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Суҳроб Азимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки дар ноҳияи Восеъ баробари фаъолият кардани чанд корхонаи саноатӣ боз корхонаҳои азими саноатие мавҷуданд,, ки ба таври зарурӣ фаъолияти пурсамар надоранд.

Ягона корхонаи азими саноатие, ки самти фаъолияташ истеҳсол ва харидории пахта буд, ин корхонаи «Самар» мебошад. Корхонаи мазкур аз моҳи ноябри соли 2015 то инҷониб фаъолият намекунад. Тибқи маълумоти дастрасгардида, ягона мушкилии аз фаъолият бозмондани  корхона- ин зиёдшавии қарзи кредиторӣ дар назди бонкҳо ва фарсуда шудани таҷҳизоти технологӣ мебошад. Корхона дар масоҳати 7 — 8 гектар ҷойгир буда, тайи 1 млн сомонӣ қарзи андоз дорад.

-Аз фаъолият бозмондани корхонаро ҳамагон медонанд. Дар корхона ғайр аз истеҳсоли пахта боз чанд корхонаи хурди саноатӣ, ба монанди корхонаи коғазҳои обу ташноб ва ресандагӣ низ фаъолият мекарданд. Мутаассифона, 4 сол боз корхона фаъолият намекунад, — изҳор дошт Суҳроб Азимзода.

Ин дар ҳолест, ки саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидааст.

Феълан дар ҳудуди ноҳияи Восеъ 31 корхонаи саноатӣ дар қайд мебошанд, ки дар онҳо 580 нафар шаҳрвандони ноҳия бо ҷойи кор таъминанд.

ҶСК «Хоҷа Муъмин» низ яке аз корхонаҳои азими саноатӣ дар ноҳияи Восеъ ба ҳисоб меравад. Корхона ба истеҳсоли намаки ошӣ машғул мебошад. Корхона дар 9 моҳи соли ҷорӣ 65 тонна намаки ошӣ ба ҳамсоядавлат- Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот кардааст. Дар корхона 27 нафар доимӣ ва 60 нафар мавсимӣ фаъолият намуда, бо маоши хуб таъминанд.

Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Восеъ 6 корхонаи хурди саноатӣ бо таъсиси 66 ҷойи корӣ ба фаъолият пардохтанд, ки самти фаъолияташон истеҳсоли нахи пахта ва маҳсулоти ширӣ мебошад.

ҶДММ «Алишер АСК» низ яке аз корхонаҳои сермаҳсули ноҳия аст. Корхонаи мазкур дар маркази тиҷоратию хизматрасонии «Султони Кабир» ҷойгир аст. Самти фаъолияти корхона дӯхти либосҳои мактабӣ ва либосҳои махсуси корӣ мебошад. Айни замон 18 нафар занону духтарони маҳаллии ноҳия бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Корхонаи мазкур бо 132 дастгоҳи дӯзандагӣ, 3 дастгоҳи дарзмолкунӣ, 3 адад корди порагарӣ, мошинаи ҳалқадӯзӣ ва тугмачаспонӣ муҷаҳҳаз буда, имконияти истеҳсоли костюмро низ дорад. Тибқи маълумот, дар мавсим корхона 18000 адад либоси мактабӣ истеҳсол намудааст.

Суҳроб Азимзода нақши кишоварзиро дар рушди иқтисодии ноҳия хуб арзёбӣ карда, зикр кард, ки дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 531 миллиону 935,5 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72 миллиону 568,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

— Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана дар ноҳия ба 332 миллиону 152,1 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 161,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад,- гуфт ӯ.

 

Ноябрь 2, 2019 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст