Дар Суғд бахшида ба Рӯзи милитсия 2 нуқтаи хизматрасонӣ барои сайёҳон ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо иқдоми шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо ширкати алоқаи мобилии «Tcell» ва ширкати мусофиркашонии «Рахш-таксӣ» барои рушди соҳаи сайёҳӣ 2 нуқтаи хизматрасонӣ ба сайёҳон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Яке аз ин нуқтаҳо дар назди даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ва дигаре дар назди гузаргоҳи сарҳадии Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен ҷой гирифтаанд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доштанд, ин нуқтаҳо бо мақсади хизматрасонӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ таъсис ёфтаанд. Дар онҳо ба сайёҳон хизматҳое, ба мисли роҳбаладӣ, истифодаи алоқаи мобилӣ ва нақлиётӣ расонида мешаванд.
Дар маросими ба истифодадиҳии нуқтаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ намояндагони милитсияи сайёҳӣ ва ширкатҳои зикршуда иштирок доштанд.
Тавре таъкид шуд, акнун сайёҳон бе мамониат метавонанд аз нуқтаҳои мазкур барои муоширати мобилӣ аз ширкати «Tcell» симкорти сайёҳии ройгон дастрас намоянд, ки дар тавозуни он 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет барои истифода давоми 10 рӯз мавҷуд аст.
Ҳамчунин ширкати алоқаи мобилии «Tcell» дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ алоқаи интернетии Wi-Fi фаъол гардонидааст, ки он низ барои таъмини сайёҳати хотирмони сайёҳон пешбинӣ шудааст.
Дар нуқтаҳои мазкур аз ҷониби маъмури забондон дархости сайёҳ қабул ва сари вақт симкорт дастрас карда мешавад. Инчунин ҳангоми зарурати истифода аз хизматрасонии роҳбалад аз ҳисоби милитсияи сайёҳӣ ва нақлиёти кирокаш аз ширкати «Рахш–таксӣ» кормандони забондон ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Нуқтаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар мавзеъҳои намоён ҷой гирифта, ба ҳар нафар муроҷиаткунанда дастрас мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки таъсиси сохтори хизматии ба талаботи замона мувофиқ — Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ иқдоми саривақтии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода буда, таъмини амнияти сайёҳон, роҳбаладии сайёҳон, ба онҳо додани маълумоти зарурӣ, расонидани кумак, ҳифзи манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва нисбат ба онҳо самтҳои фаъолияти ин Раёсатро ташкил медиҳанд.










Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






