Дар Суғд бахшида ба Рӯзи милитсия 2 нуқтаи хизматрасонӣ барои сайёҳон ба истифода дода шуд

Ноябрь 9, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 09.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик  бо иқдоми шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ  дар якҷоягӣ бо ширкати алоқаи мобилии «Tcell» ва ширкати мусофиркашонии «Рахш-таксӣ» барои рушди соҳаи сайёҳӣ  2 нуқтаи хизматрасонӣ ба сайёҳон  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Яке  аз ин нуқтаҳо дар назди даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии  шаҳри Хуҷанд  ва дигаре  дар назди гузаргоҳи сарҳадии Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен ҷой гирифтаанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доштанд,  ин нуқтаҳо бо  мақсади хизматрасонӣ  ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ таъсис ёфтаанд. Дар онҳо  ба сайёҳон хизматҳое,  ба мисли   роҳбаладӣ, истифодаи алоқаи мобилӣ ва  нақлиётӣ расонида мешаванд.

Дар маросими ба истифодадиҳии нуқтаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ намояндагони милитсияи сайёҳӣ ва ширкатҳои зикршуда  иштирок доштанд.

Тавре таъкид шуд, акнун  сайёҳон бе мамониат метавонанд аз нуқтаҳои мазкур барои муоширати мобилӣ аз ширкати «Tcell» симкорти сайёҳии ройгон дастрас намоянд, ки дар тавозуни он 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет барои истифода давоми 10 рӯз мавҷуд аст.

Ҳамчунин ширкати алоқаи мобилии «Tcell» дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ алоқаи интернетии Wi-Fi фаъол гардонидааст, ки он низ барои таъмини сайёҳати хотирмони сайёҳон пешбинӣ шудааст.

Дар нуқтаҳои мазкур аз ҷониби маъмури забондон дархости сайёҳ қабул ва сари вақт симкорт дастрас карда мешавад. Инчунин ҳангоми зарурати истифода аз хизматрасонии роҳбалад аз ҳисоби милитсияи сайёҳӣ ва нақлиёти кирокаш аз ширкати «Рахш–таксӣ» кормандони забондон ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Нуқтаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар мавзеъҳои намоён ҷой гирифта, ба ҳар нафар муроҷиаткунанда дастрас мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки таъсиси сохтори хизматии ба талаботи замона мувофиқ — Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ иқдоми саривақтии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода  буда, таъмини амнияти сайёҳон, роҳбаладии сайёҳон, ба онҳо додани маълумоти зарурӣ, расонидани кумак, ҳифзи манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва нисбат ба онҳо  самтҳои фаъолияти ин Раёсатро ташкил медиҳанд.

 

Ноябрь 9, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ АМНТАРИНИ ДУНЁ. Дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и «Gallup» Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд
Дар Хатлон оид ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият медиҳанд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ кормандони ояндаи милитсияи тоҷик таҳсил мекунанд
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд